Ҳарфи муғризона ва беасос

Инсон воқеан, ҳайрон мешавад, ки бархе аз афроди сияҳдилу каҷназар магар ки шабу рӯз дар ҷустуҷӯи нуқсону камбудии ҷомеаи кишвари мо ҳастанд. Мавзӯъ меҷӯянд, нуқсон мекобанд ва намеёбанду ба ҳазёнгӯӣ оғоз мекунанд. Шабнам Худойдодова яке аз онҳост, ки ба мавзӯе даст мезанад, ки ҳар ҳарфи ӯ хандаи хонандаро меорад. Ӯ мегӯяд, дар Тоҷикистон ба ҳуқуқи кӯдакон таваҷҷӯҳ намешаваду аз ин рӯ ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон барои вай дар дараҷаи аввал аст.

Вале ин “ҳомии ҳуқуқи башар” мушаххас намегӯяд, ки дар Тоҷикистон дар  куҷо ҳуқуқи кӯдак поймол аст. Дар тамоми рӯи олам мушкилоти зиндагӣ мавҷуд аст ва Тоҷикистон низ аз он орӣ нест. Ба кор машғул шудани кӯдакон сабабҳои субъективӣ дорад ва он ҳаргиз ба поймол шудани ҳуқуқи онҳо дахл надорад. Вақте ки инсон масъалаеро мебардорад, бояд асос дошта бошад, ҳол он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил яке аз аввалинҳо шуда, 26 октябри соли 1993 Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонид ва он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 ноябри соли 1993 эътибор пайдо кард.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак заминаи зарурии меъёрию ҳуқуқӣ ташкил карда шуда, ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар қонунгузории миллӣ Баҳри беҳтар намудани вазъи риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон алҳол чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Ин аст, ки сол аз сол вазъ дар ин самт дар кишвар беҳтару хубтар шуда истодааст. Хусусан дар самти таъмини ҳуқуқи кӯдакон дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқҳои кӯдакони дорои маъюбият ва ятимону бепарасторон пешравиҳо назаррасанд.

Давлат ба ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории махсус зоҳир менамояд. Ҷиҳати бо ҳаёти пурарзиш, сатҳи шоистаи зиндагӣ таъмин намудани кӯдакони ятиму бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон бо ҷойи зист, хӯрок, сару либос, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд. Зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ба нақшаҳои миллӣ амалисозии як қатор консепсияву стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак равона шудаанд. Ғайр аз ин, айни ҳол тадбирҳои дахлдор ҷиҳати таҳияи Барномаи ягонаи миллӣ вобаста ба ҳуқуқҳои кӯдак андешида шуда истодаанд.

Низоми мақомотҳое, ки бо ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак машғуланд, таъсис дода шуда, пайваста такмил дода мешаванд. Аз ҷумла, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва сохторҳои маҳаллии он, шуъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми кишвар ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мамлакат ва сохторҳои дахлдор вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ. Нақши мақомоти судӣ, прокуратура, адлия, милитсия, адвокатура ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак дар ҷумҳурӣ назаррас мебошад.

Агар барои Шабнам Худойдодова ин ҳама санаду далел,  дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон кам бошад, метавонем боз мисолҳои дигарро пешниҳод намоем. Вале дар поён ҳаминро қайд мекунем, ки ба хотири сиёҳ кардани давлату миллат ва аз худ қаҳрамон тарошидан ҳазён гуфтану мардумро гӯл задан кори инсони оқил нест!

Аҳли кафедраи адабиёти классикии
факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Ху
ҷанд
ба номи академик Бобо
ҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh