Кумитаи аслаш номаълум чӣ мехоҳад?!

Ҷаҳониён миллати тоҷик ва тоҷикистониёнро ҳамчун мардуми соҳибтамаддуну дорои Ватани обод ва зебо мешиносанд. Чанд нафаре, ки бо маблағгузории хориҷиён ба иғвою дасисаангезӣ машғуланд, ҳатто фикр намекунанд, ки касе ба онҳо ҳуқуқи муаррифии тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ надодааст. Ин гумроҳшудагон, ки ҳар хел кумитаю созмонҳо таъсис медиҳанд, бехабар аз онанд, ки мардуми равшанфикри олам аз дастовардҳои халқи Тоҷикистон бо сарварии роҳбарияти олии кишвар огоҳанд. Дар ҷамъият ҳаргуна падидаҳое мавҷуд мебошанд, ки тибқи салоҳияти худ мақомоти гуногун онҳоро ҳаллу фасл менамоянд. Дар маҳбас будагон бо қарори суд маҳкум гардидаанд ва мебояд аз ҳуқуқдонон аз ин масъала пурсид.

Нафарони нобакор мехоҳанд, ки дар ҷумҳурии Федералии Олмон гирдиҳамоӣ барпо намоянд ва ҳатто намефаҳманд, ки ин амал ба шаъну эътибори миллати сулҳофари тоҷик намезебад ва доғест дар тамаддуни он. Воқеаи дар маҳбасхонаи шаҳри Хуҷанд рухдодаро мақомотҳои салоҳиятнок тафтиш карда истодаанд ва дар анҷоми тафтиш натиҷаи онро ба мардум мефаҳмонанд.

Танҳо шахсони ватангадову беимон аз кишварҳои дигар талаб мекунанд, ки аз расонидани кӯмакҳои иқтисодӣ ва молиявӣ ба Тоҷикистон – Ватани аҷдодиашон худдорӣ намоянд. Нодида мегиранд, ки давоми даврони Истиқлолият Тоҷикистон аз давлати қафомондаи харобазор ба мамлакати ободу осуда ва пешрафтаи иқтисодӣ табдил гашт. Ин иғвогарону дасисабозонро намефорад, ки дастовардҳои миллату давлати муқаддасамонро воқеъбинона баҳо диҳанд ё худ сарпарастони хориҷии онҳо барои фаҳмиши  ин дастовардҳо онҳоро ҳидоят накардаанд?!!

Мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз ва дар оянда низ сиёсати пешгирифтаи дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро комилан дастгирӣ менамоянд ва ҳамеша омода ҳастанд, ки нисбати нафарони иғвокору дасисабоз муқобилияти ҷиддии сазовор нишон диҳанд.

М.Собиров,
М.АМИНОВ,
устодони Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Add comment


Security code
Refresh