Таърихи ТТЭ ҲНИ худ баёнгари рафтору кирдор аст

Аз некӣ то бадӣ, аз созандагиву бунёдкорӣ то харобсозӣ, аз ишқу муҳаббат то хиёнату мазаммат, аз дӯстӣ то душманиву беадолатӣ, аз ватандорӣ то беватанӣ як қадам роҳ асту халос. Мутаассифона аксарият мардуми ҷаҳон ва аз он ҷумла ҳамватанони мо, хусусан аъзоёни ТТЭ ҲНИ инро дарк накарда, пайгиру дастгирӣ ин ҳизби ифротгару вайронсоз мегарданд.

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳое, ки тамоми ҷомеаро ба ташвиш ва даҳшат овардааст, ин шомилшавии бовусъати ҷомеа ба ҳизбҳое, ки дар номаш калимаи ислом ҷой гирифтааст ва паҳншавии босуръати терроризму экстремизм ва зиёдшавии гурӯҳҳои ифротгаро мебошад, ки ТТЭ ҲНИ низ аз қабили чунин ҳизбҳо ба шумор меравад. Чуноне ки ба хамагон маълум аст, ҳизби наҳзат ҳамчун ҳизби экстремистӣ-террористӣ ва вайронсозу ифротгар муайян шудааст. Таърих ва фаъолияти ТТЭ ҲНИ низ ҳаминро шаҳодат медиҳад, ки аз ибтидо то имрӯз равияи мазкур хусусияти террористиву ифротгароӣ дошта, худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳамин тарзу мазмун муаррифӣ низ намудааст.

ТТЭ ҲНИ ҳамчун ҳизби исломӣ соли 1990 таъсис дода шуда буд ва то соли 2015 он ҳамчун ягона ҳизби исломии бақайдгирифташуда дар Осиёи Миёна ва умуман мамлакатҳои ИҶШС ба шумор мерафт. Асосгузор ва сарвари ҳизби мазкур дар солҳои 1993-2006 Саид Абдулло Нурӣ буда, ӯ яке аз сиёсатмадорони шинохта дар муҳит ва ҷомеаи иҳотакардаи худ ба ҳисоб мерафт. Саид Абдулло Нурӣ яке аз тарафдорони фаъоли ба давлати Исломӣ мубаддал намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ӯ нуқтаҳои назари худро кушоду равшан ба одамон баён намуда, ҳанӯз солҳои 70-ум бо мақсадҳои ғаразноки худ ташкилоти исломиёни ҷавонро бо номи «Назҳати исломӣ» дар Қурғонтеппа ташкил намуда буд, ки он пинҳонӣ фаъолият мебурд. Онҳо дар чорабиниҳои маҳаллӣ ва маъракаҳои анъанавӣ дар ҳамон солҳо одамонро ҷамъ намуда, ба ғайр аз ҳадафу мақсадҳои ғаразноки худро баён намудан бо танқиду талқини ҳокимияту давлат ва давлатдорӣ машғул буданд, ки дар натиҷа чӣ қадар одамони роҳгумкарда, хонахаробу хонавайрон намуданд. Инчунин дар охирҳои солҳои 80-ум чӣ қадар роҳгумкардагону одамони шомил ба ин ҳизб ва фаъолони ТТЭ ҲНИ ҳабс  карда шуда буданд.

Ҳамаи амалиётҳои ғайриқонунии ТТЭ ҲНИ ва тарафдорони он танҳо бо мақсади аз нав дар мамлакат оғоз кардани ҷанги шаҳрвандиву бародаркушӣ, сарнагун ва барҳам додани давлати соҳибистиқлолу дунявии тоҷик, аз байн бурдани ваҳдату ягонагии давлату миллат ва барпо кардани давлати Исломӣ буд, ки дар натиҷа ба маҳдуд кардани озодии тоҷик оварда мерасонд. ТТЭ ҲНИ дини мубини ислом ва даъват ба Худошиносиву иҷрои фарзиятҳои мусалмониро истифода бурда, амалиётҳои экстримистиву террористии худро баҳри ба даст овардани ҳокимияту давлат бо дини ислом пардапӯш карда, халқи тоҷикро ба ҷанги бародаркушиву ғоратгарӣ, бераҳмиву беадолатӣ даъват намуд. Дар натиҷа чӣ қадар одамон натанҳо хонахаробу хонавайрон, гурезаву ҳабс, балки аз олами ҳастӣ чашм пӯшиданд.

Мо бояд ҳамагон ҷонибдори ободию созандагӣ, таъмини ҳаёти бофароғату осуда бошем ва дар фикри имрӯзу ояндаи миллату ватан буда, баҳри осудагиву ободии диёри азизамон саъйю талош намоем, на ба шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои динӣ.

Ҷавонону шаҳрвандони зиндадилу некхоҳи тоҷик, пеш аз хиёнат ба ватану миллат, дӯсту бародар ва сарзамини аҷдодии худ фикру андеша бояд кард. Охир бо ягон мулки ҷаҳон, зару зевар ва пули дунё сулҳу суббот ва оромиву осоиштагиро харидан мумкин нест. Бар замми ин ҳаёти инсон яктост, онро бо хушиву хурсандӣ дар канори модару падар, зану фарзанд ва пайвандон бояд гузаронд, на бо шомилшавӣ ба ҳизбҳои ифротгаро, ки ба ҷангу харобиҳо, ҷудоиву ғарибӣ, бенавоӣ ва марг меоварад.

Санавваров Ғ. – н.и.ҳ., дотсент,
мудири кафедраи ҳуқуқи
гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh