ТТЭ ҲНИ ҳамчун пайрави терроризми ҷаҳонӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳон, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва зиндагии осудаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор ба пеш меравад.

Ногуфта намонем, ки дар тамоми гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои мардуми ҷаҳон айёми душвору сангинро ба миён овард. Яке аз муаммоҳои ҷаҳони муосир ин афзоши хатари терроризми байналхалқӣ мебошад, ки бо шиори ислом пардапӯш шудааст. Дар асл ислом бо терроризм ва экстремизм ҳеҷ умумияте надорад. Вале як гурӯҳ нохалафони ифротгар бо ҳадафҳои сиёсии худ аз дини мубини ислом сӯиистифода мекунанд. Аз назари динию илмӣ ва асоснок мутаваҷҷеҳ шавед, ин ҷангҷӯён   кадом табақаро ҳимоят мекард ва мекунад.

Барои ба мақсад расидан ин ташкилотҳои экстремистӣ ба мисли ташкилоти ваҳҳобия, салафия ба имону эътиқоди динии ҷавонон таъсир расонида, ҷавонони тамоми дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ҳамин роҳ дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода мебаранд.

Қурбони асосии терроризим асосан ҷавонон мебошанд. Маҳз, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гуруҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.

Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом сӯйиистифода намуда, даст бар қатлу куштор мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд, ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.

Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намоянд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ,  ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Д. Раҳматова,
 дотсенти
кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh