Хиёнаткор ҳомии ҷинояткор

Чанд рӯз қабл вақто аз шабакаҳои иҷтимоӣ бохабар шудам, ки як - чанд хоинони Ватан ба назди Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Берлин қадами номуборакашонро монда гирдиҳамойи кардаанд, ҳамон замон симои номубораки наҳзатиёни солҳои 1992-1993 пеши назарам омад, ки ин ватанфурӯшон боз чӣ мехоҳанд? Як бор гирдиҳамоиҳо ташкил  карда, мардумро гумроҳ карданд, бо  дастгирии хоҷагонашон аз номи дин суиистифода карда, фитна андохта, хуни мардумро рехтанд.

Имрӯз дар Аврупо шарм надошта, барои маблагҳои ҳароми гирифтаашонро ҳалол кардан ва дар назди хочагонашон ҳисобот додан, дар хаққи Тоҷикистон носазо мегӯянд.

Гирдихамойи ва носазогӯии онҳоро мардуми Тоҷикистон имрӯз хуб медонад, ки он муғризона буда, аз рӯи ҳасад мебошад, зеро Тоҷикистон имрӯз тинҷу ором ва мардумаш сарҷамъ буда, рӯз то рӯз обод мешавад.

Мардуми Тоҷикистон имрӯз боз як бори дигар фаҳмид, ки ТТЭ  ҲНИ худаш ҷинояткор буд ва имрӯз ҷинояткороне,ки бо ҷурмҳои мухталиф маҳбасӣ мебошанд, дастгирӣ мекунад ва бо ин кирдори худ зидди таълимоти ислом кор мекунад.

Мо, ходимони дини вилояти Суғд ин фитнаангезиро иғвои навбатии хиёнаткорон  мешуморем ва гирдиҳамоиҳои бемаънӣ ва бемантиқи ТТЭ ҲНИ -ро маҳкум мекунем. Ва ба мардуми Аврупо  мегӯем: Мо, ходимони дин имрӯз дар ҳайрат ҳастем, ки Иттиҳоди Аврупо бар зидди ифротгароӣ мебошаду баъзе ташкилотҳои шумо дидаву  дониста ташкилотҳои террористӣ, мисли  ТТЭ  ҲНИ-ро дастгирӣ мекунанд ва дар назди чашми шумо, дар ватани шумо гирдиҳамойи карда, ин хиёнаткорон ҳомии ҷинояткорон буда, дар ҳаққи Тоҷикистоне, ки бо шумо дӯст аст ва имрӯз обод ва мардумаш осоишта аст, онҳо носазо мегӯянд, шумо чизе намегӯед? Барои ҳамин ҳам аз аҳли Аврупо талаб менамоем, ки ин ҷинояткоронро ба ватанашон (агарчи онҳо беватан ва хоинони миллат ҳастанд) истирдод намоед, то, ки ба хиёнатҳои худ дар назди халқу миллат ҷавоб диҳанд ва сафоратхонаҳои оромро ноором накунанд.

Хоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода,
Раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh