Сухани дурӯғ намеояд ба кор
- Details
- Published on Thursday, 28 November 2024 10:30
Мактуби сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба АМИТ “Ховар”, ки 6-уми январи соли 2019 ирсол шуд, як ғайрати ҷавонмардонаи муаллифи нома аст, ки барои саркӯб намудани хоинони миллат зарбаи руҳии ногаҳонӣ аст.
Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода табрикоти сардори ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабириро хонда, ба хулосае омадааст, ки ин шахс ҳар лаҳза ақидаҳои хешро тағйир дода, барои фиреби мардум кӯшиш мекунад, ки нишони беҳадаф бонги сиёсат задани ӯ мебошад. Аз ин рӯ, ӯро ба “буқаламун” яъне ҷонваре , ки мувофиқи фасли сол ранги хешро иваз менамояд, шабоҳат медиҳад, ки дар ҳақиқат атвору аъмоли ӯ дар вақтҳои охир аз ин хислатҳояш дарак медиҳад..
Ин ном ба феълу рафторе, ки имрӯз на фақат худи Муҳиддин Кабирӣ балки ҳаммаслакону пайравони ӯ, ки бо ҳазор афсуну ҳила мехоҳанд,таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб намуда, бар зидди ҳукумати кунунӣ бишӯронанд, хеле наздик аст. Зеро онҳо ҳар рӯз як иғвову дасисаи наверо ба миён меоранд, то сулҳу осоиштагии Тоҷикистонро халалдор сохта, бо ҳар роҳу усул худро ватанпарасту сулҳхоҳ муаррифӣ менамоянд. Аммо ин саъю кӯшиши онон бенатиҷа буда, мардуми Тоҷикистонро, ки имрӯз аз неъматҳои истиклолият баҳра бурда, орому осоишта зиндагонӣ ба сар бурда истодаанд, ҳаргиз гумроҳ карда наметавонад. Онон пештар ҷашн гирифтани соли нави милодиро ҷоиз намедонистанд, имрӯз чӣ онҳоро барои табрикоти ҷашни соли навӣ водор кардааст, - мегӯяд, муаллифи мактуб.
Афкори ҳоҷӣ ҳусейн Мӯсозода шоистаи дастгирӣ буда, исботи дурӯягиву нобоварии хоинони миллати тоҷик ба хеш мебошад. Онҳо то ҳол намедонанд, ки чӣ кор мекунанд ва ба куҷо мераванд? Гоҳо аз аъмоли хеш пушаймонӣ зоҳир менамоянд, ки ин нишони дурӯягиву бемасъулиятист.
Нодир Ҳусейнбоев,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров