НОМАИ БЕАСОС

Ба дастовардҳои даврони Истиқлолият давлати мо бо нигоҳи каҷ ва ғалат назар кардани як шахс, ки вуҷудашро нобоварӣ ва норозигӣ фаро гирифтааст, аз носипосӣ ва ношукрии ӯ дарак медиҳад. Муаллиф андешаҳои худро бо воқеаҳои гузашта кӯшиш кардааст, ки асоснок кунад, лекин бо ин гуна хаёлоти хом наметавонад ба мафкураи аҳли ҷомеа таъсир расонад. Мардуми тоҷик ҳама хуб медонад, ки  ба ном равшанфикрони солҳои 90-ум ҷомеаи моро ба чанголи ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.

Маводе, ки дар сомонаи ифротии ахбор.ком зери унвони “Нома ба генерал Саймумин Ятимов...” аз ҷониби муаллифе эҷод шудааст, ки пешравӣ ва рушди Тоҷикистонро дида наметавонад. Истиқлолияти давлатӣ иштироки занон дар ҳаёти сиёсии кишвар ба марҳалаи нав расидааст. Хушбахтии мо занон аст, ки дар ин айём зиндагӣ ва фаъолият дорем ва ҳиссаи занон дар пешбурди соҳаҳои гуногуни кишвар торафт меафзояд.

Аз таърихи начандон дури миллати тоҷик пайдост, ки дар аввали марҳилаи Истиқлолият ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ қурбони асосии ин ҷанги пурдаҳшату бемаънӣ ҷавонон гардидаанд. Дар натиҷаи боло гирифтани хиради азалии халқи тоҷик сарзамини мо аз ин фоҷиа наҷот ёфт. Маҳз, сулҳу ваҳдат имконият фароҳам овард, ки асосҳои бунёди ҷомеаи навини тоҷикон гузошта шавад.

Муаллифи номаи иғвоангез бо ҳар баҳона номи кишвари моро сиёҳ кардан мехохад. Лек мардуми мо кӣ будани ин тоифаро шинохтааст.

Имрӯз моро зарур аст, ки ба шукргузорӣ аз даврони Истиқлолияту ваҳдат, оромиву субот, муҳаббату садоқат зиндагӣ намуда, баҳри пешрафту шукуфоии диёр саҳмгузор бошем.  Ба ҳар гуна номаҳои дасисакоронаи душманони миллат дода нашавем.

М.ҚАЛАНДАРОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh