Зуҳуроти номатлубро пешгирӣ намоем!

Имрӯзҳо амалҳои ғайриинсонии ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ боиси таассуф ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Мутаассифона, ин зуҳуроти номатлуб хеле истиқлолияти давлатҳои алоҳидаро зери хатар гузошта, ҳаёти осоиштаи халқро халалдор месозад.

Коршиносони омӯзиши масъала бар ин назар ва ақидаанд, ки аксар ҷавонони бо гуноҳи ифротгароӣ маҳкумшуда бо сабаби доштани дониши пасти динию дунявӣ, надоштани машғулият ва ҷои доимии кор, пайваста дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан гумроҳ шудаву ба доми афрод ва гурӯҳҳои ситезаҷӯ афтодаанд.

Барои мо – тоҷикон, ки таҷрибаи душвори таърихиро дар ибтидои давраи соҳибистиқлолии кишвар аз сар гузаронидем ва ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардидем, мақому нақши сулҳу ваҳдати миллӣ аҳамияти махсусро соҳиб мебошад. Ин неъмати бебаҳо ба туфайли меҳнати чандинсолаи давлату ҳукумати кишвар ба даст омадааст.

Иҷрои қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм”, “Стратегияи давлатии мубориза бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” аз ҳар як шаҳрванди мамлакат масъулияти баланду ҳушёрии сиёсӣ, имону эътиқоди комилро талаб менамояд. Моро зарур аст, ки пеши роҳи паҳншавии ин зуҳуроти ифротгароиро гирем. Ҷавононро ҳамчун нерӯи созанда дастгирӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ тарбия намоем.

Мақсуда НУРМАТОВА, ассистенти кафедраи забони

давлатӣ ва забонҳои хориҷии

Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh