Ҷавонон бояд фирефтаи гурӯҳҳои хиёнатпеша нагарданд

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тафриқаангез ҳарчӣ бештар кӯшиш мекунанд, дар аъмоли зишти хеш ҷавонон ва шахсони ноогоҳро ҷалб намоянд. Аз табори чунин равияҳои ифротӣ ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзат ба шумор меравад.

Ҳамагон огаҳӣ дорем, ки ин ташкилоти ифротӣ мақсад ва ҳадафи ягона надошта, роҳбарони он таҳти роҳнамоии хоҷагонашон кору зиндагӣ мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хурду бузурги кишвар аз оқибатҳои фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ хуб огаҳӣ дорем. ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум он рӯзгори сахту сангине, ки аз дасти наҳзатиҳо болои миллати азиз омад фаромӯш намешавад. Пӯшида нест, ки ин хоинони миллат барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои хеш ниқоби дини мубини Исломро ба бар намуда, мардумро ба гумроҳиву хиёнат ба давлату миллат ҳидоят мекарданд.

Имрӯзҳо роҳбари ин ташкилоти ифротӣ Муҳиддин Кабирӣ бо ҳар шеваи нав мехоҳад худро ба хоҷагонашон сафед ва пок нишон дода, ба бовариашон сазовор гардадва маблағи муфташонро ба даст оварад.

Кабирӣ акнун бо таъсис додани “Паймони миллӣ” найрангбозиҳои навро алайҳи кишвари худ сар кардааст. Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет ба мусоҳиба баромадани ӯ шаҳодат аз он медиҳад, ки дар ҳақиқат майдон ва доираи фаъолияти хоинони миллат танг гардида, ба ҷуз мусоҳибаи видеоӣ дигар роҳи хизмат ба хоҷагонашонро надоранд. Алим Шерзамонов, ки худро ёвари Кабирӣ меҳисобад, дониста бошад, ки ба Кабирӣ хизмат кардан, яъне хиёнаткорро пайравӣ кардан хиёнат ба миллату Ватан аст.

Ҷавонони саодатманди моро лозим аст, ки бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна андеша ва ақидаҳои ифрогароёнаи хоинони миллат мисли Кабирӣ ва пайравони ӯ дода нашуда, баҳри ободониву созандагӣ дар кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош намуда, арзишҳои миллиамон, сулҳу ваҳдат, суботу оромии Ватанро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Зеро ба фармудаи Паёмбари акрам Муҳаммад (с) дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имондорист.

Маҳмадюсуф ҚОЗИЕВ, имомхатиби

масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзами шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh