Терроризм - хатар ба амнияти ҷомеа

Дар шароити имрӯза амалҳои террористию ифротгароӣ беш аз пеш доман паҳн карда, хатари бузурге ба амнияти ҷомеа аст. Чӣ тавре пешгирии маризӣ нисбат ба табобат осонтар аст, имрӯз аҳли ҷомеаро лозим аст, ки баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб - терроризму экстремизм аз тамоми имконияту воситаҳо истифода намоем.

Ба гурӯҳҳои ифротӣ аксаран ҷавононе шомил мешаванд, ки рӯзҳои вазнини гузаштаро надидаанд. Дар бораи он ки мардуми мо чӣ давраҳои вазнинро аз сар гузаронидаанд, тасаввуроти комил надоранд, агар нақл кунӣ, ҳатто, баъзан бовариашон намеояд.

Дар ёд дорем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мардуми мо зиндагии хубу оромона надоштанд. мо, насли имрӯзаи калонсолу миёнсол айёми душвори ҷанги бародаркушӣ, сатҳи пасти зиндагӣ, нооромиро аз сар гузаронидаем. Он айём бунёди хонаҳои монанди имрӯза дорои шароитҳои хуб, истироҳати бофароғат, саёҳат ба мамлакатҳои дигар, харидани мошину анҷомҳои пурарзиши рӯзгорро танҳо орзу мекардем.

Охири соли гузашта бо зарурате ба пойтахти кишварамон, шаҳри Душанбе сафар кардем. Боғу гулгашт, кӯчаву хиёбон, иморатҳои бисёрошёнаву зебо, қасрҳои боҳашамат, чойхонаву ошхонаҳои бо нақшу нигори миллӣ сохташуда, умуман шаҳомати пойтахт моро мафтун сохт. ба бунёдкору созанда, бурдбору фарҳангсолор будани халқу миллати тоҷик бори дигар имонамон комил гашт.

 Бо дилу виҷдони пок мегӯем, ки шаҳри Душанбе солҳои охир комилан симои нави тозаҷавонӣ гирифтаасту ба яке аз зеботарин шаҳрҳо, маркази саёҳату фароғат табдил ёфтааст. Агар ҳамин тавр намебуд, баъди тамошои шаҳри Душанбе шоири машҳури эронии муқими Амрико Масъуди Сипанд ба ваҷд намеомад. Вай таассуроти худро аз дидани манзараҳои зебо, биноҳои муҳташам ва нақлиёти ҳозиразамони пойтахт баён дошта гуфтааст, ки Душанбе яке аз беҳтарин шаҳрҳои Ховари Миёна мебошад.

Тӯли солҳои истиқлолият симои қариб тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла шаҳри Исфараи мо низ ба куллӣ дигар шуд. Даҳҳо иморатҳои баландошёнаи истиқоматӣ, муассисаҳои хизматрасонӣ, маданию маишӣ, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, масолеҳи сохтмон ва ғайра бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Бунёду васеъ гардидани роҳҳо, аз ҷумла алҳол бунёд шуда истодани Роҳи абрешим, зебову дилрабо гаштани боғи фароғатии марказии шаҳр, арзи ҳастӣ кардани майдончаҳои зиёди варзишӣ, гулгаштҳо, гузаргоҳи зеризаминӣ, сол аз сол васеътар гардидани майдони боғот, мумфарш гардидани роҳҳои дохилӣ, тавлиди шаҳракҳои нав, торафт баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, алалхусус деҳотиён ва дигарҳо аз ҷумлаи ин ободкориҳоанд.

Тоҷикистони биҳиштосои мо баъди соҳиб гаштан ба истиқлолият ба сӯйи фардои нек дар ҳама ҷода далеронаю боэътимод ба пеш қадам мегузорад. Анъанаҳои неки гузаштаро шукӯҳи тоза бахшида, асолати хешро нигоҳ медорад, мавқеашро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкамтар мегардонад. Мо бояд шукр гӯему ифтихор кунем, ки имрӯз тоҷику Тоҷикистонро дар ҳама ҷо медонанд, иқдому ташаббусҳои неку созандаи онро, созмонҳои байналхалқӣ дастгирӣ мекунанд. Бо бунёди НБО “Роғун”, ба истифода дода шудани агрегати аввали он ва бо барқи доимӣ комилан таъмин гаштани тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон обрӯи кишварамон дар арсаи олам боз ҳам болотар гашт.

Вале сад афсӯс, ки бархе аз ҷавонони ношукру носипос ин ҳама пешравиҳоро гӯё намебинанд. Ба назар чунин мерасад, ки онҳо хубу бад, сиёҳу сафед, савобу гуноҳ, хираду ҷаҳолат, осудагиву нооромиро аз ҳам фарқ карда наметавонанд. Барои ин гуна инсонҳо шараф, виҷдон, хештаншиносӣ, муқаддасот барин арзишҳо қадру қимате надоранд.

Бепарвоию бетарафӣ ҳамеша боиси раҳгум задан мешавад. Аксар нафарони ба созмонҳои террористӣ шомилшуда ана ҳамин гуна инсонҳои бетарафанд. Онҳоро на танҳо тақдири худашон, балки ояндаю Ватан, падару модар, зодгоҳ, пайвандон заррае ба ташвиш намеорад. Худ бехабар ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротиву тафриқаангез гирифтор мешаванд.

 Чу бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомӯш нишинӣ, гуноҳ аст.

ҳақ гуфтааст шоир. Беш аз пеш доман паҳн карда истодани амалҳои терророистию ифротгароиро дида, мавқеи бетарафиро ишғол кардан гуноҳи нобахшиданист. ҳар лаҳза ва дар ҳама ҷо барои рафъи падидаҳои номатлуб муборизаи дастҷамъонаю беамон бурдан вазифаи на танҳо давлату мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳар як шаҳрванди ҷомеа мебошад, ки Ватани худро дӯст медорад, обрӯю нуфузи онро авло медонад. Мо, падару модарон, пеш аз ҳама, сониян онҳое ки ба кори таълим машғуланд, бояд бикӯшем, тамоми воситаю имкониятҳоро ба кор барем, то дар дилу вуҷуди насли наврас меҳру муҳаббати сарзамине, ки дар он умр ба сар мебаранд, бештару қавитар гардад. Агар инро дарк ва иҷро карда тавонем, пас, мо аз ҷумлаи он нафароне ҳастем, ки рисолати инсонии хешро иҷро кардаанд.

Айни муддао мебуд агар омӯзгорони мо дар машғулиятҳои беруназсинфӣ бештар дар бораи ободии солҳои пасини кишвар, нақшаҳои бузург баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, тамоми дигаргуниҳое, ки солҳои истиқлолият насиби мардуми мо гашт, оид ба арзишҳои хештаншиносию худогоҳӣ, дӯстдории Ватан, ваҳдату ҳамбастагӣ ва ғайра ҳарчи бештар ҳарф мезаданд. Фикри худро бо овардани далелҳо аз эҷодиёти бузургони илму адаби гузаштаю имрӯза тақвият мебахшиданд. Ҷавонон бояд идрок кунанд, ки шахсони ба равияҳои террористӣ ва ифротгароӣ шомилгашта барои ҷамъияти мо бегонаанд, зеро, ин тоифа дину мазҳаб, роҳу равиши аниқ, мақсади муайян надоранд. Балки дар ҳама ҳолату ҳама ҷо барои ҳар як сокини сайёра хавфу таҳдидҳои нав ба навро ба миён меоранду худро қурбони ҷаҳолат месозанд.

 Б.САИДШОЕВ, Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи вилоятии ҷурналистон ба номи ҳоҷӣ Содиқ,

И. ПӮЛОДОВ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh