ИҒВОАНГЕЗИИ КАБИРӢ ТО БА КАЙ?

Дар ҷаҳони сиёсат шахсиятҳо бо амалҳои худ дар таърих мемонанд. Яке бо иҷрои амалҳои нек, муттаҳид кардани мардум дар фазои оромиву осудагӣ ва дигаре бо иғвоангезӣ, фазои орому созандаро халалдор сохтан, ба гурӯҳҳо ҷудо намудани мардум ба хотири манфиати шахсӣ ба амалҳои ношоиста даст мезанад.

Суҳбати мустақими собиқ роҳбари ТТЭ ҲНИ ва ҳамакнун «Паймони миллӣ» Муҳиддин Кабирӣ қайд кардааст, ки: «ТТЭ ҲНИ то ин замон “машғули корҳои ташкилӣ” буд. “Тӯли ин се сол, баъди он ҳодисаи фоҷеъабор ниёз ба як фурсате доштем, то худро бозсозӣ кунем ва дар ин шароити ҷадид ҷои худро пайдо кунем».

Ба гуфти ӯ «Паймони миллӣ» таъсиси шуду фаъолияти наҳзат аз нав бозсозӣ гардид. Мо ба чанд савол дар назди худ ҷавоб пайдо кардем, ки мо кӣ ҳастем, дар чӣ шароитем, рақиби мо, тарафҳои дигар дар кадом ҳолат ҳастанд ва дар ин шароти ҷадид чӣ гуна мубориза бояд бурд”.

Дар давлатҳои озоди демократӣ ҳизбҳои мухолиф низ, ки мақсаду нияти ободии кишвари худро доранд, барномаю тавсияҳои худро барои амалӣ намудан ба ҳукумат пешниҳод мекунанд ва дар амал бо мақсади созанда онро амалӣ менамоянд.

Аммо Кабирӣ оё имрӯз ба ин суолҳо ҷавоб дода метавониста бошад, ки маблағҳо барои табаддулоти давлатӣ аз куҷо дастрас шуда буданд, зиндагӣ ва таҳсили фарзандонаш дар хориҷи кишвар аз куҷо дарёфт шуд?

Имрӯз мо, сокинони кишварро мебояд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба ҳар як ҳодиса баҳои дуруст дода, баҳри ҳифзи сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ дар кишварамон саҳмгузорӣ намоем.

Б.ҚОБИЛОВ, устоди  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,

бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

 

Add comment


Security code
Refresh