Дурӯяву дурӯғгӯйи буздил

Шахсияти Илҳом Ёқубов, ки алҳол роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо аст, барои аксарият шинос мебошад. Варзишгар буд ва баъдан ба Ҳизби наҳзати исломӣ пайваст, роҳбари бахши суғдии ҳизби номбурда гардид. Баъдан, эълон кард, ки аз ин ҳизб даст кашидааст ва дар навори видеоӣ иқрор гашта буд, ки роҳи интихобнамудаи ҳизби наҳзат нодуруст аст. Аммо ин суханонаш комилан барои раҳгум занонида дар тасаввуроти мардум худро ислоҳшуда нишон додан будаасту халос.

Дар шаҳри Хуҷанд чанд маротиба шоҳид гашта будем, ки ғояҳои ҳизби наҳзатро байни мардум паҳн мекард. Бахусус, ҳангоми баргузор гаштани интихоботи парлумонии соли 2010 ӯ дар маҷлисҳо хеле боҳарорат сухан меронд ва ба мардум талқин мекард, ки ба ҷонибдории номзадони ҳизбашон овоз диҳанд.

Аз ҳамон суханрониҳо, аз тарзи баёнаш маълум буд, ки ба ӯ мураббиёни сиёсӣ аз хориҷи кишвар дарс додаанд. Хоҷагони хориҷӣ ба Илҳом Ёқубов ва дигар суханварони ҳизбаш роҳҳои муборизаи сиёсӣ ва ба даст овардани дилу овози интихобкунандагонро омӯзонида буданд. Ҳарчанд аз технологияҳои муосири сиёсӣ истифода карданд, баҳсҳои фаровони пешазинтихоботӣ гузарониданд, аммо овози даркориро соҳиб шуда натавонистанд.

Баъди интихобот чанд муддат Илҳом Ёқубов дар паси парда буд ва боз дар саҳнаи сиёсат ҳамчун роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо муаррифӣ гардид.

Аз нуқтаи назари Кабирӣ Илҳом Ёқубов, Саидюнуси Истаравшанӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва чанд тани дигар муборизон ҳастанд, ки муборизашон ба фоидаи худ аст, на ба фоидаи миллат. Инҳо хоинонанд, ки раҳгумзадаву дур аз Ватан мондаанд.

Вақте кас суханрониҳои ин нафаронро дар гирдиҳамоиҳо ва ё маҷлисҳо мешунавад, ба чунин хулоса меояд, ки онҳо лӯхтакҳоеянд ва таноби идоракуниашон дар дасти дигарон аст.

Боиси таассуф аст, ки баъзе ҷавонони ноогоҳ ба гуфтаҳои онҳо бовар мекунанду ҳавохоҳиву балегӯӣ мекунанд. Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев, Илҳом Ёқубов ҳам дар саҳнаи сиёсат лӯхтаканду бас, ки таноби ҳаракоташон дар дасти дигарон аст. Ин гумроҳон роботҳои сиёсианд, ки барномаи кориашонро Муҳиддин Кабирӣ ва хоҷагони пасипардагияшон таҳия кардаанд.

И.Раҳимов,

устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

 ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh