ҲАДАФҲОИ БЕБУНЁД

Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми динӣ ба ташвиш оварда, он ба масъалаи доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Зеро фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Солҳои охир иллати сар задани падидаҳои номатлуби хатари тафриқаандозӣ дар байни мусалмонон, садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ ва паҳн кардани матолиби ғаразона дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мухталиф боиси ба гурӯҳҳои террористӣ - экстремистӣ шомилшавии онҳо шуд.

Бадбахтона, бархе аз ҷавонони тоҷик низ фирефтаи ин гурӯҳҳои тундрав гардиданд. Ин падидаи номатлуб ҳар як шарҳванди бонангу номусро бетараф гузошта наметавонад. Чунонки сиёсатшиносони кишвар қайд мекунанд, воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳои навадуми асри гузашта низ натиҷаи чунин ноогоҳию ҷаҳолат ва фирефтаи ҳизби имрӯз мамнӯъгаштаи наҳзати исломӣ ва бархе аз гурӯҳҳои фурсатталаб гардидани бархе шаҳрвандон буд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2015 ҲНИ - ро ҳизби террористӣ - экстремистӣ эълон карда, фаъолияташро дар қаламрави кишвар мамнуъ намуд. Азбаски имрӯз дар Тоҷикистон дигар ба ин ҳизби ифротгаро касе таваҷҷуҳ надорад, акнун он фаъолияташро дар хориҷи кишвар ба роҳ мондааст. Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарии мақомоти Хадамоти федеролии амнияти Россия соли 2018 дар як деҳаи вилояти Кемеровo шаш нафар зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми паҳн кардани ақидаҳои ифротии исломӣ дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, баъзе аз онҳо узви ҳизби наҳзат буда, аз ҳамфикронаш як гурӯҳи муташаккил сохтааст. Аъзоёни фирории ҲНИ, ки ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ дар хоки Россия қарор доштанд, таҳти таъсири китобҳо ашхоси маҳаллиро низ ба доми фиреб кашидаанд. Ҷараёни бошиддати фаъолияти ТТЭ ҲНИ ба кишвари мо таъсири манфӣ расонида, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одати бегонагонро ворид сохта, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф намуданӣ аст. Аъмоли ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирӣ мегардад. Дар иттилоияи мақомоти Хадамоти федеролии амнияти Россия, ҳамчунин гуфта мешавад: «Яке аз аъзои ин гурӯҳ узви ҳизби наҳзат буда, баъди ба қаламрави Россия омаданаш, ӯ аз ақидаҳои худ даст накашида, як доираи собити ҳамфикронашро, ки низ аз чунин ақидаҳои мазҳабӣ тарафдорӣ мекунанд, ташкил кардааст».

 Соли 1997 баъди баста шудани созишномаи истиқрори сулҳ байни мухолифин ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як маротиба ба ин ҳизб имконият дода шуда буд, ки рафторашро нисбат ба ҳукумату давлат дигаргун кунад, мувофиқи он ба намояндагони мухолифин 30 фоиз вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ вогузор карда шуд. Бо вуҷуди ин гузаштҳо ҳадафи ин ҳизб тағйир наёфт ва он муғризона буд.

Ҳоло сулҳу субот дар кишвар барқарор аст ва мардум рӯ ба созандагию бунёдкорӣ ниҳодаанд. Чуноне аз ахбороти шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд, рӯйдодҳои нангини моҳи сентябри соли 2015 собит кард, ки дини Ислом дар зоти худ ба ҳеҷ гуна ҳизбу созмонҳои сиёсӣ ниёз надорад. ҳизбсозию сиёсисозии Ислом барои шахсони манфиатҷӯ лозим аст ва барои расидан ба мақсадҳои худ онҳо даст ба ҳама гуна кирдорҳои зишт мезананд. Рафтори имрӯзаи Кабирӣ дар хориҷи кишвар хиёнат ба миллату Ватан ва бовару эътиқоди мардум аст. Роҳи пешгирифтаи чунин моҷароҷӯён фақат бар зарари амнияту оромии кишвар аст ва нақши созандаи дини Исломро коҳиш медиҳад. Таҳлили фаъолияти ҲНИ тӯли чанд соли охир ва муҳтавои маводи сомонаҳои ба ин ҳизб тааллуқдошта нишон медиҳад, ки дини Ислом барои онҳо танҳо воситаи пиёдасозии ҳадафҳои сиёсӣ мебошад.

Гул-гулшукуфии мамлакатамон имконият намедиҳад, ки дигарбора мардуми шарифи тоҷик фирефтаи дасисаҳои ин ҳизб гарданд.

Содирҷон Fаффоров,

устоди Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии

Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh