АНДЕШАИ МИЛЛӢ, ФАРҲАНГИ ДИНӢ ВА ВАҲДАТИ ИНСОНӢ

(Мулоҳизаҳо дар ҳошияи мақолаи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода

“Дин ва арзишҳои миллӣ”

Ҷангҳои Сурияву Ироқ, низоъҳо дар Фаластин, амалҳои террористӣ дар Афғонистону Покистон ва дигар гӯшаю канори олам шореҳи ҳақиқати ин амр ҳастанд, ки паёмадҳои номатлуби экстремизм ва терроризм натанҳо ба миллат ва халқиятҳои ҷудогона, балки ба ҳаёт ва сарнавишти инсоният дар тамоми сайёра хатар эҷод менамояд. Зуҳури чандин амалҳои экстремистӣ дар кишварҳои ғарбӣ омил бар он гардидааст, ки коршиносону сиёсатмадорони мамолики мазкур маҷмӯи чунин рӯйкардҳои номатлуб ва фоҷиабору хуношомро ба мусалмонон нисбат дода, аз ин роҳ ҳатто рӯи арзишҳои дини мубини Ислом хати батлон мекашанд. Ҳол он ки аз дидгоҳи дини мубини Ислом, ки сарчашмаи он дар китоби муқаддаси Қуръон қарор дорад, қатлу куштори одамони бегуноҳ аз ҷумлаи гуноҳои кабира дониста мешавад.

Ҷои таассуф аст, ки имрӯз гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш бо ҷудоиандозиҳо миёни арзишҳои динӣ ва миллӣ ва ҳатто кашидани хати батлон ба рӯи тамоми дастовардҳои ақлонии миллатҳо ва ҳатто эътироф накардани худи мафҳуми миллат ифротгароии диниро иртифоъ бахшида, раванди «мағзшӯӣ» - ро тақвият медиҳанд. Ба таври умум, мафкураи ҷудоихоҳонаи гурӯҳҳои ифротӣ дар чунин зинаҳо арзишҳои миллиро инкор намуда, ғояҳои нодурусти хешро талқин мекунанд:

1. Эътироф накардани худи миллат ва масоили миллӣ. Ба андешаи ин гурӯҳҳои раҳгумзада гӯё тақсим кардани олам ба миллатҳо кори душманони Ислом асту мардуми олам ба миллатҳо қисмат намешаванд ва ҳама як миллат, аҳли умма ба шумор мераванд.

2. Эътироф накардани забони миллӣ ва истифодаи забони арабӣ дар муошират. Ин гурӯҳони гумроҳ аз сари андешаҳои ифротӣ маҷмуи забонҳои оламро эътироф намекунанд, ба ҷуз арабӣ. Аммо ин дар ҳолест, ки фақеҳони барҷастаи ҳанафӣ ҳанӯз дар замони Сомониён дар Мовароуннаҳр фатвои тарҷумаи китоби муқаддаси Қуръонро доданд, ки маҳсули он китоби “Тарҷумаи тафсири Табарӣ” буда, ҳазорон сол аст, ки дар ташаккули афкори динӣ ва андешаи миллии мардуми тоҷик хидмат мекунад.

3. Эътироф накардани фарҳанги миллӣ. Доираҳои манфиатҷӯ, мубаллиғони ақидаҳои экстремистӣ ва террористӣ бар ин назари ифротгароёна ҳастанд, ки урфу одатҳои миллӣ бидъат ва ё боқимондаи динҳои бутпарастиву оташпарастӣ ва давраи ҷоҳилӣ ба шумор меравад. Ҳамин дидгоҳҳои маҳдуд ва мунҳасир ба ҷаҳонбинии танги ифротии онҳо боис шуд, ки афкори зидду нақиз роҷеъ ба ҷашну оинҳои миллии Наврӯзу Садаву Меҳргон баён намуда, ҳатто ин русуми мубораки саршор аз ғояҳои олии инсониро бо пайванд додан ба адёни дигар, аз ҷумла дини зардуштӣ инкор ва, ҳатто, таҷлили онҳоро ба қавли худ “макруҳ” мешуморанд. Сарчашмаи чунин пиндорҳои ифротгароёна ҳамоно ноогоҳӣ ва дониши зарурӣ надоштани ин гурӯҳҳо роҷеъ ба таъриху фарҳанги қадим маҳсуб мешавад. Таваҷҷуҳ ба таркиби оинҳои Наврӯз худ баёнгари он аст, ки дар зимни ҳар яке аз онҳо як андешаи созанда ва ба қавле дар ниҳояти маърифати ҳар яке аз ин русуми миллӣ ҳамон се рукни барҷастаи ахлоқи башарӣ “Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек” нуҳуфтааст.

Ин матолиб бори дигар аз он дарак медиҳанд, ки имрӯз ба масъалаи шинохти арзишҳои динӣ ва миллӣ аз дидгоҳи пайванди ногусастании онҳо дар тарбияи ҷомеаи инсонӣ руҷуъ намоем. Аз ин рӯ, сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар мақолаи хеш дуруст қайд намудааст, ки дину мазҳаб як шохаи худшиносии миллӣ мебошад. Ҳикмати ин сухан дар нақши муассири миллати тоҷик дар тарвиҷи арзишҳои дини мубини Ислом муҷассам мешавад.

Агар мо муҳимтарин манобеъ, сарчашмаҳо ва қомусу донишномаҳои роҷеъ ба дини Ислом нашршударо варақгардон кунем, номи ҳазорон нафаронеро дучор мегардем, ки аслан зодагони Мовароуннаҳру Хуросон, аҷдоди шарафманди мо буданд. Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) ба намояндагони миллатҳои дигар, аз ҷумла ниёкони мо арҷу эҳтироми хос зоҳир намудаанд. Масалан, Салмони Форсиро, ки намояндаи мардуми тоҷик буд, бо эҳтиром «аҳли байти ман» хитоб кардаанд. Ба ҳам оштӣ додани арзишҳои милливу динӣ, шинохти фарҳанги динӣ ба унвони як рукни худшиносӣ, ки устод Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода низ бар он таъкид фармудааст, омил мегардад, ки тафаккури солиму созанда дар ҷомеа ғолиб бошад.

Ин андешаи мубораку мунир пеш аз ҳама аз таълимоти таҳаммулгароёнаи Имом Абӯҳанифа сарчашма мегирад ва мо - сокинони Тоҷикистон тӯли асрҳо пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастем, бояд имрӯзу фардо ва фардоҳои дигар низ аз ҳамин таълимоти бузургу пешкор ва инсонсоз пайравӣ намуда, миллати созандаву бунёдкор ва андешапарвар, ҷаҳонсоз ва офаринанда ва вориси сазовори ин бузургони тамаддунсоз будани тоҷиконро ба ҷаҳониён ба намоиш гузорем.

Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
доктори илмҳои таърих, профессор

Add comment


Security code
Refresh