Ҷавонон баҳри пешгирии терроризм!

Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, террористиву экстремистӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилонаи худ авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.

Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, мисли зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Ифротгароӣ байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан ҷавонон бештар паҳн гардида, оқибат ба вайронкорӣ оварда истодааст.

Одатан ҷавонон, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои гузашта паст будани сатҳи огоҳии ҷавонон аз мазмун ва моҳияти дини мубини Ислом, маърифати исломӣ ва ё бесаводии динӣ, надонистани аркони динӣ, инчунин таблиғоти шадиди гурӯҳҳои ифротӣ тавассути васоити ахбори омма, хусусан шабакаҳои интернетӣ аз ҷумлаи омилҳои рушди ин раванд байни ҷавонон будааст.

Тарафи дигари масъала он аст, ки муҳоҷирати шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон ба Федератсияи Русия боиси афзоиши шумораи  фарзандони дур аз назорат шудааст, ки дар оянда эҳтимоли зиёд шудани ҳиҷрат ва пайвастан ба гурӯҳҳои ифротиро бештар мекунад. Ҳамчунин, яке аз сабабҳои ба гурӯҳҳои ифротию тундгароӣ пайвастани бархе ҷавонони тоҷик ба омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, бекорӣ ва коррупсия мебошад. 

Ҷавонон дар замони муосир чун қувваи бузурги пешбарандаи ҷамъият эътироф гаштаанд. Рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ягон мамлакатро бе иштироку фаъолияти ҷавонон тасаввур кардан имкон надорад.

Бесабаб нест, ки имрӯз терроризм ва гурӯҳи ҳаракатҳои ифротгароӣ боиси ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст. Аз ин рӯ, ба ҳар як фарди худогоҳу худшинос зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдорҳои ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст.

Мо, ҷавонон аз воситаҳои электронӣ фаровон истифода менамоем ва хуб ҳам огоҳем, ки имрӯз дар давлатҳои дигари ҷаҳон бо иштироки гурӯҳҳои гуногуни ҷамъиятӣ чӣ ҳодисаву воқеаҳои нангин рух дода истодааст. Афсӯс, ки байни онҳо ҳамсолон, ҳамватанони мо низ ҳастанд. Баъзан андеша мекунем, ки онҳо бо кадом фикр ба ин роҳ даромада бошанд, ки он ҳам бошад, «марг» аст.

Барои он ки гароиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъулияти баланди ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва муҳаббати касбу ҳунар байни насли ҷавон васеъ ба роҳ монда шавад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, зиракии сиёсии шаҳрвандон, дар ниҳоди онҳо парваридани ҳисси меҳанпарастӣ, садоқат ба Ватан, нишон додани нақши харобиовару фоҷиабори амалҳои номатлуби террористию экстремистӣ, метавонад омилҳои муассиртарини мубориза ба муқобили равияҳои экстремистӣ бошанд.

Ботуралӣ АШӮРАЛИЕВ,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи
Раиси ноҳияи Спитамен

Add comment


Security code
Refresh