АЗ ОЗОДИТАЛАБӢ ТО БА «БОСМАЧИГАРӢ»

Муддате чанд аст, ки тавассути расонаҳои гуногуни хабарӣ хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ бо ҳар роҳу восита мехоҳад фазои Истиқлолияти давлатӣ ва оромиву осудагиро халалдор созад.

Дар баромади навбатии худ ӯ аз босмачиҳо бо ҳасрат ёд мекунад ва онҳоро «мубориз», «истиқлолиятхоҳи миллӣ» ва «баору баномус» меномад. Дар баробари ин ӯ идеологияи Шӯравиро бадном карда, мегӯяд, ки гӯё ҳаракати «озодихоҳона»-и босмачиҳоро қасдан бадном карда бошанд. Аммо ин беору беномус ба хотир намеорад, ки дар замони Шӯравӣ ӯ мисли садҳо ҳазор шаҳрванди кишвар аз тамоми имкониятҳо ба таври ройгон бархӯрдор буд, бепул табобат мегирифт, истироҳат мекард, дар мактаби миёна, техникуми омор, донишгоҳ бепул таҳсил карда буд.

Кабирӣ босмачиҳоро «падару бобоёни баномус»-и худ меҳисобад ва мехоҳад аз онҳо «қаҳрамон» созад. Ба ақидаи вай, онҳо гӯё барои ҳифзи истиқлолият мубориза бурда буданд. 

Ҳаракати босмачигарӣ аслан аз ҷониби доираҳои манфиатдори сиёсӣ ва ҳарбии хориҷӣ бар зидди Ҳукумати Шӯравӣ ташкил ёфта, дастгирӣ мегардид ва фаъолияти онҳо ҳаргиз ба манфиати миллати тоҷик набуд. Босмачиҳо ғайр аз қатлу ғорати бераҳмона ягон амали дигаре анҷом надодаанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ мақсади сохтани давлати миллиро надоштанд, балки бо истифода аз дину мазҳаб ҳадафҳои геополитикии кишварҳои қудратманди дигарро татбиқ мекарданд. Агар онҳо ҳаракати миллӣ – озодихоҳӣ мебуданд, аз ҷониби мардум дастгирӣ меёфтанд.

Дар тадқиқоти худ олими намоёни тоҷик Атахон Сайфуллоев хеле бамавқеъ овардааст:

«Босмачиён, ки ҳадафи асосиашон барқарорсозии Аморати Бухоро ва бозпас овардани амир буд, ҳар як шахси хайрхоҳ ва нерӯи тарафдори ҳукумати навро нобуд мекарданд. Дар ин талошҳо халқи ранҷбар бисёр нобуд мешуд, ки фоҷиа ҳам дар ҳамин буд. Ҳол он ки заҳматкашон бо босмачиён ҳеҷ гуна муносибат надоштанду нисбат ба онҳо дар дил тухми нафрату адоват мепарвариданд. Зеро босмачиён молу мулки онҳоро ба ғорат мебурданд, ҳар касеро, ки аз гуфтору рафтори эшон ҷонибдорӣ намекард, сар мебуриданд».

Аз ин гуфтаҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ин нохалафон аз давраи буданашон то ба имрӯз барои як мақсад – талаву тороҷи мардуми бечора равона буд халос. Ба маълумоти «босмачӣ»-ҳои замони нав мерасонем, ки агар қурбу қудрат доред, бо роҳи оромиву осоиштагӣ баҳри ободии кишвар камари ҳиммат бандед, на даъвои мансабу чизу чора кунед.

F.САНАВВАРОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh