ПАЙМОНИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ

Роҳбарони фирории ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзат эълон карданд, ки бо гуфтаҳои худ, эъломия қабул карда, «Паймони миллӣ» ташкил намуданд. Ин паймон «иттиҳоди панҷ нафар» мебошад, ки ҳадафи аслиаш зери парда пинҳон кардани аъмоли ҷиноии худи онҳо ва ба даст овардани маблағ буда, барои гумроҳ кардани мардуми кишвар мебошад.

 «Паймони миллӣ» ин гурӯҳи хурде мебошад, ки аъзои он мехоҳанд бо ҳар гуна роҳ оромиву суботи Тоҷикистонро халалдор намоянд. Онҳо шахсони зиёд нестанд ва ҳадафи нопоку иғвогарона доранд. Онҳо гурӯҳаке ҳастанд, ки мехоҳанд вазъиятро дар Тоҷикистон ноором кунанд, аммо ҳеҷ гоҳ ба мақсадашон намерасанд, чун дар дохил ҷонибдор надоранд. Ташкили паймон танҳо барои пинҳон кардани аъмоли ҷинояткоронаашон аст. Мардуми тоҷик чеҳраи аслии онҳоро хуб мешиносад ва аз ин сабаб, онҳо мехоҳанд зери номи нав худро нерӯи мухолифи созанда муаррифӣ карда, мавқеъ пайдо кунанд. Аммо ин навбат низ тири онҳо хок мехӯрад, зеро халқи тоҷик аз ҳаводиси солҳои 90-ум сабақ гирифт ва дигар ба фиреби наҳзат дода намешавад.

Имрӯз аксари мардум дар тааҷҷубанд, ки Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ба намояндагони ин ҳизби террористиву экстримистӣ имконияти иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаҳоро медиҳад. Инро метавон бозӣ ва роҳандозии сиёсати нодуруст номид, ки хеле хатарнок аст. Фикр мекунам бо гузашти вақт ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан созмонҳои байналмилалие, ки воқеан арзишҳои демократиро пайгирӣ мекунанд, ин ҳиллаи шаръии наҳзатиҳоро дарк менамоянд.

Онҳо ягон барномаи ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ, маориф надоранд. Куҷост барномаи онҳо? Танҳо номи исломро дастак карда, бо эҳсоси мардум бозӣ мекунанд. Ислом барои онҳо парчам аст, ки аз он сӯиистифода мекунанд. Аммо ғояи онҳо теократияи радикалии экстремистӣ аст. Ташкили паймон ҳам маҳз пинҳон кардани ҳамин арзиши ифротӣ аст.

Мо, мардуми кишвар бояд марому мақсади онҳоро хуб дарк кунем ва  муттаҳиду сарчамъ гашта, баҳри рушди ҳамаи соҳаҳои мамлакати азизамон саҳмгузор бошем ва шукронаи тамоми ҳастиву қатраҳои оби кишварамон карда, ба ақидаҳои нопоки чунин гурӯҳҳои ғаразноку бадхоҳон дода нашавем. Шукри ин сарзамин кунем. Шукри  сулҳу ваҳдат кунем. Шукри  обу хоки ин Ватани мукаддас кунем.

М. Исоқов,
  н.и.и., сармуаллими кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh