ШАРОФИДДИНИ РАБУДАШУДА БОЗГАШТ

То сафари Шарофиддин Гадоев ба Душанбе Муҳиддин Кабирӣ– роҳбари «Паймони миллӣ» худро яккатоз медонист. Орзу дошт ба арқаи қудрати оппозитсия менишинад ва агар умр насиб кунад, боз як давраи дигар ба шарофати хуни наҳзатиҳои оддӣ вакилу раис мешавад. Шарофиддин ҳамаи ин наќшаҳоро рӯйи об кард. «Паймон» панҷмоҳа нашуда суқут кард.

Ҳоло сару садои бозгашти Шарофиддинро, ки Муҳиддин Кабирӣ аз ҳама пеш расонаӣ кард, мебинӣ ва ба масали «ашки тимсоҳӣ»-и дӯстони собиқаи Шарофиддин шоҳид мешавӣ. Кабирӣ, ки аҳли Файзободро дар Олмон  ҷамъ карда, оппозитсияи хонаводагӣ ташкил намудааст, наметавонист ашхоси дигарро гирди худ ҷамъ кунад. Зеро лоиҳаи оилавӣ ҳамаро аз Кабирӣ дур карда буд. Дар гирд худ чанд чўҷаро ҷамъ карда, парвои дигарон надорад. Ҳамин аксияи «Ҳама ба ҳимояи Ҳамза»-ро гирем. Он сару садое, ки барои наберааш ба роҳ монд, барои дигарон ҳатто даҳ дарсадашро ҳам накард.

Ин ҳамаро Шарофиддин Гадоев, даҳҳо ҷавонони дигар медиданду назорат мекарданд. Дар ин ҳолатҳо бозгашти Шарофиддин Гадоев як амали одилона ва холисона мебошад, зеро ҳар вокунишро ба бор меорад. Вокуниши Шарофиддин наметавонист ба ҷузъ аз баргаштан чизи дигар бошад.

Кабирӣ ва шағолони гирду атрофаш ҳоло вазъиятро ба гунаи дигар нишон дода, дод мезананд, ки: «Шарофиддин рабуда шудааст». Онҳо ба ҳарфи модар ва мусоҳибаи Шарофиддин бовар надоранд. Ин хислати хоси муллоҳои мутаассиб аст, ки тафаккури Кабирӣ ҳамин турӣ дорад, ба ғайр аз ҳалқаи маҳдуди маҳаллии худ ба касе бовар надорад.

Хулоса, бисёр хуб мебуд агар аз тарафи коршиносон ва таҳлигарони ҳодисаҳои таърихӣ дар ин мавзӯъ ҳар чӣ бештар мақола чоп мегардиду симои воқеии «Паймони зиддимиллӣ» ҳам барои миллату дин ва ҳам барои тамоми башарият фош мегардид.

Зеро насли ҷавоне, ки Шарофиддин Гадоев ва садҳо нафар аз онҳо намояндагӣ мекунанд, дар зери чатри вопасгароии наҳзатиҳо қарор доштанд. Шарофиддин баъд аз ин ба ҳаёти фаъоли ҷамъиятӣ ворид мегардад, бояд аз ин хатарҳо, яъне таъсири нодурусти нерӯҳои манфиатҷуе, чун наҳзатиҳо ва амсоли онҳо дар амон бошад. Сониян, агар хоҳем, ки ҷомеаи тоҷикро як ҷомеаи пешқадам ва барои тамоми башарият намунавӣ муаррифӣ намоем, бояд дар мафкураи насли ҷавон танҳо арзишҳои созандаву замонавӣ ташаккул бояд дода шавад.

А. Бобоев,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh