Алайҳи ақидаҳои ифротӣ сарҷамъу тифоқ бошем

Ватан мояи ифтихор, шаъну шараф, нангу номус, виҷдон ва обрўю эътибори мо мебошад. Ватан маконест, ки мо дар он чашм ба дунё кушодем. Сарзаминест, ки мо нахуст қадамҳои хешро дар хоки он гузоштем, аз оби чашмасоронаш нўшидаему аз ҳавои муаттараш нафас кашидаем. Ватан сарвати бебаҳои мост, ки бо он мо мефахрему сарфарозиҳо дорем. Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озоду демократӣ эътироф кардааст, баъзе намехоҳанд, ки давлати мо пеш равад, оромӣ ва осудагӣ пойдор бошад. Ба ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик халал ворид карданӣ мешаванд. Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаққи Ватани хеш бадгӯиҳо мекунанд.

Масалан, ихтиёри худ ба Ватан баргаштани Шарофиддин Гадоевро бардурӯҳ маънидод мекунанд. Аммо ин тӯҳмати онҳо ягон асосе надорад. Зеро Шарофиддин Гадоев имрӯз озод асту  дар шабакаҳои иҷтимои  ихтиёран баргаштани худро бо забони худ мегӯяду шукрона аз сулҳу оромии Ватан мекунад.

Бинобар ҳамин ҳар як сокини ин сарзамин, ки ба тақдири кишварамон бетафовут нест, бояд  мисли ангуштони як даст, шохоби як рўд, фарзандони  як модар муттаҳид гашта, дар гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳм гузорем ва танҳо бо номи миллат ифтихор кунем, Бо эътимод гуфта метавонем, ки мо бо неруи ақлонӣ ва ҷисмонӣ истиқлолияти давлатии худро ҳифз намуда, Ватанро ободу зебо мегардонем.  

Ҷаҳонгир МАХКАМОВ,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh