ПАЙМОНИ ГУРӮҲИ ВАТАНФУРӮШ

Роҳбарони фирории ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат гурӯҳи «Паймони миллӣ» ташкил карда буданд, ки ҳадафаш пинҳон сохтани аъмоли ҷиноии худ, ба даст овардани маблағ ва гумроҳ намудани мардуми кишвар мебошад.

 Аъзои ин гурӯҳ мехоҳанд бо ҳар гуна роҳ оромиву суботи Тоҷикистонро халалдор намоянд, аммо ҳеҷ гоҳ ба мақсадашон намерасанд, чун дар дохил ҷонибдор надоранд. Онҳо мехоҳанд зери номи нав худро нерӯи мухолифи созанда муаррифӣ намоянд. Аммо ин навбат низ тири онҳо хок мехӯрад, зеро халқи тоҷик дигар ба фиреби наҳзат дода намешавад.

Имрӯз аксари мардум дар тааҷҷубанд, ки чаро Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ба намояндагони ин ҳизби террористиву экстремистӣ имконияти иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаҳоро медиҳад. Инро метавон бозӣ ва роҳандозии сиёсати нодуруст номид, ки хеле хатарнок аст. Бо гузашти вақт ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан, созмонҳои байналмилалие, ки воқеан арзишҳои демократиро пайгирӣ мекунанд, ин ҳилаи шаръии наҳзатиҳоро дарк менамоянд. Онҳо ягон барномаи ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ, маориф надоранд. Ислом барои онҳо парчам аст, ки аз он сӯиистифода мекунанд. Ташкили паймон пинҳон кардани арзишҳои ифротӣ аст.

Мо - мардуми кишвар бояд марому мақсади онҳоро хуб дарк кунем ва  муттаҳиду сарчамъ гашта, баҳри рушди ҳамаи соҳаҳои мамлакати азизамон саҳмгузор бошем ба ақидаҳои нопоки чунин гурўҳҳои ғаразноку бадхоҳ дода нашавем. Шукри ин сарзамин, сулҳу ваҳдат, обу хоки ин Ватани муқаддас кунем.

М.ИСОҚОВ,
сармуаллими кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh