ХОИНИ МИЛЛАТ БА МАҚСАД НАРАСАД…

Фосиқ касест, ки дар ботини ӯ фисқу фасод, дурӯҳу бӯҳтон, фитнаву кина, мунофиқиву лоф, хиёнату паймоншиканӣ, хуллас қулли хислатҳои бади инсонӣ ҷой доранд. Таҷрибаи рӯзгор ва таърихи чандинасраи ҳаёти инсонӣ собит намуда, ки чунин ашхос дар ягон давру замон ҳаёти орому осударо аз сар нагузаронида, агар умре бардавом дида бошанд, бо заҳри ҳалоҳили зиндагӣ, дур аз ёру дӯстон дунёро тарк менамоянд.

Чунин касонро дар симои саркардагон ва аъзои ҳизби мамнӯи наҳзат мебинем. Эшон, ки мақсади асосиашон ситезидан ва ба даст овардани ҳокимият бо дастгириву маблағгузории хоҷагони хориҷиашон аст, пеш аз ҳама манфиатҳои шахсии худро аз ин стратегияи ҳизбиашон боло мегузоштанд. Ин ашхос бо роҳбарии Кабирии аз баҳри Ватану миллат, аҷдодони худ гузаштаву ғуломи хоҷагони хориҷӣ гашта бар сари давлати хеш санги маломат меафкананд. Онҳо дар кишварҳои бегона созмонҳову иттиҳодияҳо ташкил карда, тамоми дастоварду бурдбориҳои Тоҷикистони азизи моро чашми дидан надоранд.

Кабирӣ ва пайравони ӯ андешаи онро надоранд, ки хоҷагони хориҷии онҳо хуб дарк мекунанд, ки ин тоифа имрӯз бо як пайсаи ночиз Ватану миллат ва авлоди хешро фурӯхтаанд ва агар лозим шавад, рӯзе хоҷагони хешро низ мефурӯшанд ва аз дасти онҳо маҳв хоҳанд шуд.                 

Имрӯз, ки Кабирӣ ва ҳаммаслакони каҷдумсирати ӯ паймонҳо таъсис медиҳанду онро дар сомонаҳои интернетӣ паҳн мекунанд, андешаи онро надоранд, ки бо ин усул нафрати миллионҳо одамони сайёраро бар муқобили худ бармехезонанд.

Хоинони Ватан бояд донанд, ки сохтмони иншооти бузург, аз ҷумлаи чандин заводҳои соҳаҳои саноату энергетика, роҳҳои мошингарду оҳан, бунёди хонаҳои истиқоматӣ, кушоиши нақбҳову конҳои канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ, обёрии ҳазорҳо гектар заминҳои бекорхобида, бунёди боғу бӯстонҳо, таъсиси муассисаҳои таҳсилоти оливу миёна ва касбиву ҳунарӣ, табобатӣ маҳз маҳсули замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Илҳом БОЛТАЕВ,
ноҳияи Зафаробод

Add comment


Security code
Refresh