МУҚОБИЛИ ҲАМА ГУНА ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибистиқлол буда, барои ҳар як шаҳрванд ҳаёти озоду осоишта, беҳтарин неъматҳои ҳаёт кафолат дода шудааст. Маълум аст, ки тамоми мардуми башарият бо пешравиҳои илмию техникӣ талошҳои зиёд доранд. Воқеан ҳам, рақобати озоди ҳамагон дар тамоми институтҳои давлат, аз ҷумла байни шаҳрвандон иттиҳодияҳои созанда арзи вуҷуд дорад. Онҳо ба якдигар имкон медиҳанд вобаста аз самти рушди давлатдорӣ, бо мақсади ободу зебо кардан, сохтани иншооти нав ба нав, ақалан шинонидани дарахту гулҳо ба пеш ҳаракат карда бошанд.

Баробари ҳамин, давлати дунявӣ чунинест, ки дар он ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё худ афзалиятнок ҳисобида намешавад. Имрўз шаҳрвандони кишвар новобаста аз он ки ба  кадом намуди дин пайравӣ кунанд, комилан  баробарҳуқуқ мебошанд. Дар ягон ҳуҷҷати давлатӣ диндор будан ё набудани шахс қайд карда намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди он ки аксарияти  шаҳрвандони мамлакат  пайрави дини мубини исломанд, онро муқаддас мешуморанд ва ҷониби давлат он ҳамчун дини расмӣ эътироф нашудааст. Ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлат ҷудо мебошанд. 

Он шахсоне, ки ба ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ба монанди ТТЭ ҲНИ шомил мешаванд, инсонҳое мебошанд, ки саводи зарурии дунявӣ ва динӣ надоранд. Чунин намуди инсонҳо фирефта ва гумроҳи ҳаракатҳои иртиҷоӣ мегарданд.

Бинобар ин, имрўз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ баҳри пешгирӣ ва дар ҳолати вуҷуд доштан, несту нобуд намудани ин гуна шахсон ва ҳамаи кирдорҳое, ки ба ин ҳолат вобастагӣ дорад, ҷидду ҷаҳд бурда истодааст. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон шукронаи чунин сарзамин, давлатдорӣ карда, дарк намоянд, ки давлат барои ҳар як инсон ва шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овардааст.

Мо бояд тамоми малакаву дониши худро ба бунёди ҷомеаи озод равона намуда, баҳри ҳаёти осоиштаи имрўзу фардо, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандўстӣ, худогоҳию худшиносии миллӣ саҳми босазо гузошта бошем.

Б. Самадов,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тољикистон

Add comment


Security code
Refresh