ТЕРРОРИЗМ – ВАБОИ АСР

Боиси таассуф аст, ки терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуб, хавфноку хатаровар айни замон ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Гурӯҳу созмонҳои ифротгаро барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ ба ҳама гуна амалҳои зишту ғайриинсонӣ, аз қабили куштору ғоратгарӣ, фалаҷ сохтани иқтисодиёт, одамдуздӣ, хиёнат ба Ватану миллат даст мезананд.

Ин масъала ҳамчун доғи рӯз ҷангу ҷидол, нооромию вайронкориро ба бор оварда, ба амнияти кишварҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ меоварад. Мутаассифона, шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, имрӯз ҳам паст нашудааст. Дар ин раванд бояд баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмонҳою ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда эътибори ҷиддӣ дода шавад. Кормандони прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас дар ин самт кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Аз ҷумла, Эралӣ Ҷӯраев сивудусола сокини Ҷамоати деҳоти Гулхона, соли 2011 бо даъвати Мирзоқосим Исмоилов, ки амири гурӯҳи минтақавии иттиҳоди ҷиноятии "ҳизби исломии Туркистон" (собиқ ҳаракати исломии Ӯзбекистон) дар ноҳияи Спитамен буда, мақсади асосиашон сарнагун сохтани сохти конститутсионии ҳамаи давлатҳои дунё, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар чойхонаи ба ном "Fуфрон"-и Ҷамоат ва дар манзили истиқоматии Д.Қӯшмуродов дар бораи ин иттиҳоди ҷиноятӣ маълумот гирифта, дар бораи ба амал баровардани ҷиҳод, барпо сохтани давлати исломии "Хилофат" ҷонибдорӣ намуд. Дар якҷоягӣ бо дигар иштирокчиёни ҷамъомадҳо аҳди ҷинояткорона баста, ба иттиҳоди ҷиноятии мазкур шомил гардид.

Дар давоми солҳои 2011-2015 дар ҷамъомадҳои ин иттиҳодия ақидаҳои ифротгароёнаи худро қавӣ гардонид.

Э.Ҷӯраев дидаю дониста, ки фаъолияти ин ташкилот террористӣ-экстремистӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, соли 2011 ба он шомил шуд.

Бо гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва машваратӣ бо хешовандону наздикони ӯ шаҳрванд Э.Ҷӯраев, ки дар ҳудуди Федератсияи Руссия пинҳон буд, аввали соли равон ихтиёран ба мақомоти прокуратураи ноҳия ҳозир гардида, аз ҷинояти содирнамудааш сидқан пушаймон шудани худро изҳор намуд.

Дар натиҷа парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ қатъ карда шуда, номбурда аз ҷавобгарӣ озод карда шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бо ташаббуси ба моддаи 401 иловаи 1 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эзоҳ ворид гардидааст, ки тибқи он «шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то анҷом ёфтани задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад».

Чунин таҷрибаро сиёсатмадорони машҳури олам эътироф намуда, баҳои баланд додаанд. Чунин иқдоми неку оқилона баҳри пойдории амният ва сулҳ камназир аст.

Мақсади қонун ҷазо додану ҷарима кардан набуда, балки ҳадафи асосӣ қонун ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, сулҳу суботи ҷомеа ва тарбияи шахрвандон аст.

Аз ин рӯ, ҷавонони кишварро лозим аст, ки ба воқеоту рӯйдодҳо огоҳона баҳо диҳанд  ба амалҳои номатлуб даст назананд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

И.СОБИРЗОДА,
муовини прокурори ноҳияи Ҷаббор Расулов,
мушовири адлияи дараҷаи 3-юм

Add comment


Security code
Refresh