БОШУУРОНА БОЯД МУБОРИЗА БУРД

Имрўзҳо аз саҳифаҳои расонаҳои интернетӣ ҳолатҳоеро, ки барои пешравии ҷомеаи мо халал ворид месозад, дида истодаем. Нашрияҳои даврӣ ва васоити ахбори омма ба ҳар як аъзои фаъоли ҷомеаро огоҳ менамояд, то ки таҳлилҳои сиёсиро дуруст ба роҳ монанд. Дар хабар омадааст, ки якчанд ҳомии хукуқ даъват кардаанд то Шарофиддин Гадоевро озод карда, ба вай имконияти бозгашт ба Ҳолландро бидиҳанд. Албатта, мақсаду мароми ҷамъият ва таърихи инсоният мубориза барои озодӣ ва адолат аст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз Тоҷикистон дар роҳи ободониву созандагӣ, бунёдкорию офарандагӣ устуворона қадам ниҳода, дар таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як сокини кишвар кўшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст. Ободшавии мунтазам дар кишвар, сохтмонҳои бонуфузи нақбу НБО-ву роҳҳову марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ,  корхонаву муассисаҳо дар дили шаҳрвандони кишвар муҳаббатро афзун гардонида, ризоияти онҳоро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дучанд месозад. Инчунин, ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо аксари мамолики олам, ки барои сокинони Тоҷикистон дар густариши соҳаҳои тиҷорат, санъату фарҳанг, варзишу ҳунармандӣ, тиббу сайёҳӣ, хусусан дар ташаккули таълиму тадрис ва мубодилаи таҷрибаҳо имконияти васеъро фароҳам меоварад, тақвиятгари гуфтаҳои болост.

Мо-омўзгорон парвардаи истиқлолият буда, намегузорем, ки нохалафе чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ба амнияти мо таҳдид ворид созад.

М.Муҳиддинов, дотсенти
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

 

Add comment


Security code
Refresh