Роҳбари нави роҳгумзадагон

Дар сомонаҳои интернетӣ созмони ифротии  Ҷунбиши  ислоҳот  ва  рушди Тоҷикистон хабар дод, ки аз сабаби баргаштани роҳбари он Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон садорати  ҷунбиш  якдилона Алишер Абдураҳмоновро роҳбари нави худ интихоб кардаанд. Ёдовар бояд шуд, ки Алишер Абдураҳмонов то ба хориҷа гурехтан дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият бурдааст.

Шарофиддин Гадоев бо ин амалаш ба наҳзатиҳои террорист зарбаи сахт зад. Вай як навъ ҷасорату далерӣ нишон дода, аз сафи он нохалафон ҷудо шуда, ҷасурона ақидаашро оид ба наҳзатиҳо ошкоро иброз дошт.

Бояд қайд кард, ки Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон моҳи феврали соли 2018 аз ҷониби Шарофиддин Гадоев ва ҳамфикронаш таъсис ёфт. Ин ҷунбиш моҳи сентябри соли 2018 дар баробари ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ), Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо яке аз 4 муассиси «Паймони миллии Тоҷикистон» – эътилофи нави нерӯҳои мухолифини тоҷик шуд.

Пайравони ТТЭ ҲНИ ё номи дигари он «Паймони миллии Тоҷикистон» роҳгумзадагон, ватангумкардагон буда, дар хориҷа қарор дошта, ба миллату меҳани худ санг ҳаво медиҳанд. Онҳо номи ташкилоташонро иваз карда бошанд ҳам, самташон тағйир наёфтааст. Акнун баҳри амалӣ намудани нақшаҳои нопоки хеш ин қабил афроди ҷинояткор барномаҳои гуногуни иғвогаронаро таҳия намуда, мехоҳанд фазои ороми кишварро халалдор созанд.

Аз ин лиҳоз, ба хоинони миллати тоҷик дар симои Муҳиддин Кабирӣ, Илҳом Ёқубов, Алишер Абдураҳмонов ва дигарон муроҷиат намуда, гуфтанием, ки бо баргузор намудани ҳазорон митингу раҳпаймоӣ ва иваз намудани номи ташкилотҳои ифротии хеш дигар имкони ба боварии мардуми тоҷик сазовор шудан ва ба сафҳои нопокатон шомил намудани ҷавонони саодатманди моро надоред.

Имрӯзҳо ҷавонони мо соҳибилму соҳибистеъдод гардида, баҳри ободии халқу Ватани худ хизматҳои беназирро анҷом дода истодаанд.

Зилола КОМИЛОВА,
сармуаллимаи кафедраи
умумидонишгоҳии сиёсатшиносии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh