ҚУВВАИ МО ДАР ВАҲДАТ АСТ!

Имрӯз оламиён аз воқеаҳои фоҷеабор дар ҷаҳон изҳори нигаронӣ намуда, пайваста талош доранд, ки инсониятро аз даргириву муноқишаҳои доираҳои манфиатҷӯю ҷудоиталаб раҳо намоянд. Таҳлилу мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки хоҷагони бурунмарзї мардумро ба гурўҳҳои худ ҷалб намуда, бо ин васила мехоҳанд сулҳу суботро дар кишвари мо халалдор созанд ва ҷомеаро бо  гирдоби кашмакашиҳову нооромиҳо ғарқ намоянд. Роҳбарони созмонҳои ифротгаро ба ҳар роҳ мехоҳанд ақидаҳои манфиатҷӯёнаашонро ба зеҳни мардум ҷой намоянд.

Суханони нанговари Шарофиддин Гадоев оид ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат ва тўҳматомези ҳомиёни ҳуқуқи Аврупо бобати зўран рабудани Гадоев  ба эҳсосоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ таъсир расонида, кинаву нафрати мо-шаҳрвандонро нисбат ба ин ҷунбиш ва дигар неруҳои мухолифи давлатамон боз ҳам дучанд кард. Бояд хотиррасон кард, ки имрўзҳо Тоҷикистони азизи мо рушду тараққӣ карда истодааст. Дар тамоми самтҳои соњањои мухталиф пешравию дастовардњо ба назар мерасанд. Ташаббусҳои Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ пайгирона дастгирӣ намуда, кишвари моро ҳамчун давлати пешсаф дар самти ҳалли масоили глобалӣ эътироф кардааст.

Аз ҷумла, дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ давлати мо дар солҳои охир ба комёбиҳои беназир мушарраф гардидааст. Точикистон иқдомҳои беназире дар самти мубориза бо ин падидаҳои манфурро амалӣ карда истодааст.

Давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш, барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқа доранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифта истодааст.

Нафароне,  ки донишу ҷаҳонбинии васеъ доранд, ҳаргиз ба доми фиреби чунин таблиғгарони манфиатҷӯ намеафтанд. Исбот шудааст, ки шахси бохирад нисбат ба камсавод ва ё бесавод эътиқоди комил дошта, анъанаҳои пурарзиши миллӣ ва халқҳои мутамаддини оламро аз ҳурофот ва ақидаҳои ботил фарқ карда метавонанд. Баръакси ин ҳол, нафарони нодону бесавод фирефтаи таблиғоти ғаразнок гашта, саҳмгузор мешаванд. Онҳо бо шиорҳо, гапҳои дурўғ, тўҳматҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш мардумро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб намуда, ба шаъну эътибори мамлакат иснод меоранд ва худро бадном месозанд.

Ҷунбишу ҳаракатҳои мухолиф, ки дар хориҷи кишвар бо дастгирии бевоситаи молиявии дигар давлатҳо фаъолият мекунанд ва мақсади ноором кардани ҷомеаи моро доранд, қудрати дидани пешравиҳову комёбиҳои Тоҷикистонро надоранд ва бо ҳар роҳ кўшиш мекунанд, ки ваҳдату ягонагии моро аз байн баранд. Ба ин хоинон ва душманони давлати Тоҷикистон муроҷиат карда, гуфтанием, ки шумо ҳеҷ вақт муваффақ намешавед. Зеро мо - мардуми Тоҷикистон шукри ҳаёти орому осуда ва давлати обод карда, дар атрофи роҳбари хирадманди худ муттаҳидем. Қувваи мо дар ваҳдат ва ягонагист. Мо ҳамаи суханҳои туҳматомези шуморо маҳкум карда, гуфтанием, ки дар ҷавоб ба ин туҳматҳои шумо мо боз ҳам муттаҳидтар шуда, давлати худро ободу пешрафта мекунем.

Р. Ахмедов– ассистенти кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh