Сухане чанд дар атрофи дасисаҳои ватанфурӯшон

Имрӯзҳо дар сомонаҳои иҷтимоии интернет бозгашти Шарофиддин Гадоев аз ҷониби бадхоҳон муғризона муҳокима мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки номбурда ихтиёран ба Тоҷикистон баргаштааст. Аммо хоинони Ватан ва манфиатдорон дар сомонаҳои хабарии хориҷӣ бозгашти ўро маҷбурӣ маънидод кардаанд. Гўё афсарони рус бидуни тафтишот Гадоевро тариқи ҳавопаймои “Сомон Эйр” ба Душанбе фиристодаанд. Ин дар ҳолест, ки Шарофиддин Гадоев дар изҳороташ баён кард, ихтиёран ба Ватан баргаштаасту касе ба  ӯ фишор  наовардааст. Ӯ гуфт, ки аз рафтору гуфтори кардааш пушаймон асту умеди бахшида шуданро дорад. Ҳамчуин оид ба фаъолияти манфиатҷӯёна ва ватанфурӯшонаи наҳзатиҳо фикру ақидаи худро ошкоро иброз намуд.

Аз ин лиҳоз, роҳбарияти наҳзатиҳо, хусусан Муҳиддин Кабирӣ дар ҳолати ногувор монда, дар баромади фейсбукиаш мақомоти Тоҷикистонро туҳмат намуд, ки гӯё Шарофиддин Гадоевро дуздида ва зиндонӣ карда бошанд. Муҳиддин Кабирӣ нотавонии худро ҳис карда, ҷиҳати пиёда намудани аҳдофи нопоки худ ва ҳаммаслаконаш таваҷҷуҳи ташкилотҳои байналхалқӣ ва дарёфти хоҷагони нав ҳақиқати мавҷударо нодида мегирад. Ин дақиқ аст, ки Шарофиддин Гадоев ҳақиқати ҳолро дарк карда, ихтиёран ба Ватан баргаштааст. Маълум аст, ки Шарофиддин Гадоев пайваста дар бари хоинони Ватан буду аз нақша ва ҳадафҳои онҳо огоҳ буд.

Ин аст, ки роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва дигар ватанфурӯшон бобати пинҳон намудани амалҳои ношоистаи хеш, ки дар нақша доштанду доранд, ин дасисаро оғоз намудаанд. Аҷиб он аст, ки барои расидан ба мақсадҳои нопок омодаанд онҳое, ки замоное дар барашон буданду ҳоло пушаймон гаштаанд, ба фурӯш гузоранд.

Аз ин ба хулоса омадан мумкин аст, ки ватанфурӯшон манфиати хешро аз ҳама чӣ боло гузошта, беибову ноҷавонмардона баҳри ба даст овардани бовариву садақаи хоҷагонашон ҳарчи бештар сафсатафурӯшӣ мекунанд.

Мунзифа Саркорбобоева,
устоди  Донишгоњи давлатии Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh