АНДЕШАҲОИ БОТИЛИ ТТЭ ҲНИ

Саркардагони ҳизби наҳзат, ки изни онон асосан дар дасти мусалмонони шиаи эронӣ буд, солҳои авали соҳибистиқлоли мехостанд дар ҷумҳурии азизи мо давлати исломиро барқарор намоянд. Барои амалӣ намудани ниятҳои нопокашон хуни ҳазорон ҷавононро рехтаанд. Вале ақли солим бар ниятҳои бади онҳо ғолиб омад.

Имрӯз, ки аксари роҳбарон ва аъзои ин ҳизб берун аз ҷумҳурӣ қарор доранд, мехоҳанд бо андешаҳои нопоки худ ҷавононро роҳгум зада, фирефтаи доми макри худ гардонанд. Имрӯз Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу ваҳдат қарор дорад.

Хоинони миллат мехоҳанд бо ҳар роҳу восита фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд. Онҳо Муҳиддин Кабирӣ, Илҳом Ёқубов, Алим Шерзамонов, Сулаймон Давлатов  мебошанд, ки бо баромадҳои худ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро роҳгум кардани мешаванд. Мо – мардуми кишварро мебояд, ки дар чунин лаҳзаҳои ҳассос зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҷавонон ҳадафҳои аслии ин хоинони Ватанро фахмонем.

Дар сиришти насли ҷавон арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллиро парварем, то дар зиндагии роҳгумм назананд.  

А.Мирниёзов,
сармуаллими кафедраи забони тоҷикии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес 
ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh