ПАЙМОНШИКАНОНИ БЕВАТАН

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи заҳматкаши тоҷик рӯзҳои вазнину сангинро паси сар намуда, имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун давлати рушди устувор дошта ва босубот шинохта шудааст.

Дастовардҳое, ки мо тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба он ноил гардидем ба рушди давлатдории миллӣ, пешрафти соҳаҳои мухталиф ва баланд гаштани сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат намуданд. Ғамангез аст, ки  душманони давлату миллати мо, нафароне, ки нангу номус, шараф, дину мазҳаб ва арзишҳои дигари инсониро ба манфиати шахсӣ, пулу мол ва иҷрои супоришҳои хоинона фурӯхта, бо рафтори зишту касиф, беномусӣ ва пастфитратӣ радди маърака гардидаанд ва тири бадхоҳонаашон солҳои 90-ум хок хӯрда, некӣ бар зидди қувваҳои аҳримании онҳо ғолиб омада буд, то ҳол мехоҳанд бо ҳар роҳу васила аз хориҷи кишвар нисбат ба давлати тинҷу осоиштаи мо суханҳои баду фитнаангез, тарғиботи ғайриқонуниро тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ  баён намоянд.

Яке аз аъзоёни фаъоли ҳизби наҳзат Илҳом Ёқубови савдогар ва бесаводу хушомадгӯй аст.

Илҳом, ки дар як муддати кӯтоҳе, вазифаи раиси Федератсияи бокси вилоятро ба ӯҳда гирифта буд, чанд тан ҷавонони варзишгарро гумроҳ намуда, ҳамақидаи худ гардонид. Баъди чанд соли нопадидӣ Илҳоми хоин худро ҳамчун раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуда, зери қаноти Кабирӣ бо косалесию хушомадгӯӣ худро аъзои ташкилоти худрӯиди “Паймони миллӣ” меҳисобад. Ӯ мисли Кабириву Сайидюнус ва ду се хоине, ки худро бо ҳар мақому маром муаррифӣ карданӣ мешаванд дар асл, шахсони кӯрнамак, нотавонбин, ватанфурӯш ва хоин буда, ҳеҷ гоҳ барои давлату миллати худ садоқат надоранд. Амалу кирдорҳои зишт, бероҳа намудан, ба амалиёти ҷангӣ сафарбар намудани ҷавонони роҳгумзада, тӯҳмату бӯҳтон ва даъватҳои ғайриқонунии ин афрод нобахшиданист.

Мо – омӯзгорон, бояд  ба муқобили амалҳои душманонаи хоинони миллат, ки тайи чанд сол хоки муқаддаси ватанамон санги маломат мепартоянд, зиракии сиёсӣ, ҳисси ватандорию инсоншиносии худро дучанд зиёд намуда, нагузорем то ба суботу оромии кишвари мо халале ворид намоянд, ҷавононро аз ҳадафҳои онҳо огоҳ созем, ба роҳи рост раҳнамун бошем.

Д.Мирзоева,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh