Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор дода, ба вазъияте, ки бар асари низои бегоҳирӯзии 13 марти соли равон дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ба амал омадааст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Дар ин зимн Президентҳо ҷиҳати додани супоришҳои дахлдор ба мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо дар хусуси тафтишоти ҳамаҷонибаи ин низоъ, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, ҳамчунин истифодаи роҳҳои мусолиматомези рафъи он ба мувофиқа расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков таъзияву тассалият ва ҳамдардии амиқи худро ба аъзои оила ва наздикони шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейн Ҳакимов, ки дар аснои низои наздисарҳадӣ ба ҳалокат расид, иброз дошт.

Add comment


Security code
Refresh