Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии консерти Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»

15 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муаррифии нахустин консерти Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ ҳайати корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва намояндагони аҳли фарҳангу адаб иштирок карданд.

Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2016 таъсис дода шудааст. Он коргоҳи навтаъсиси санъати мусиқии касбии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.

Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Оркестри давлатии симфонӣ бо асбобҳои муосири торӣ, нафасӣ ва зарбиву навозандагии хос ба оркестр ва бинои алоҳида таъмин гардид. Бино бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба фаъолияти эҷодии муассиса таъмир карда шуда, аз ибтидои соли 2018 расман ба фаъолият оғоз кард.

Дар айни замон дар ҳайати оркестр зиёда аз 100 нафар мутрибону мутахассисони ҷавони хатмкардаи мактабҳои мусиқии касбии дохил ва хориҷ ҷалб карда шудаанд.

Роҳбарияти муассисаи фарҳангӣ аз рӯзҳои нахустини ба фаъолият оғоз кардан дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат ба масъалаи қабули ромишгарону мутахассисон ба ҳайати оркестр, ташаккули репертуари оркестр аз асарҳои композиторони Тоҷикистон ва классикаи ҷаҳонӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ карданд.

Баъди анҷоми барномаи нахустини консертӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҳузури худ дар ин консерт ба аҳли санъат рӯҳу илҳоми тоза бахшид, дар фароварди барномаи ҳунарӣ ба маҳорати ромишгарон баҳои баланд дод ва ҳамзамон барои таъмини фаъолияти беҳтари оркестр, аз ҷумла интихоб ва таълиму тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадори соҳа ва саҳмгузорӣ дар тарбияи ҳисси ифтихору сарфарозии насли наврас аз фарҳанги миллии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои судбахш доданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Add comment


Security code
Refresh