Мо – ҷавонон нерӯи ояндасози миллатем

Шукронаи ин давлату сарзамин намуда, хизмати халқу ватанамонро аз ҷону дил адо менамоем. Аз рӯзҳои мушкили ба сари мардуми диёр омада, ки ба даврони тифлии мо рост омада буд, хабардор ҳастем ва бо тамоми қувваамон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дигар сарзамини азизамон ва мардуми шарифи он дучори ин гуна рӯзгори талх нагарданд. Имрӯз, Ватани мо обод аст! Мо - фарзандони ин диёр бояд шукронаи Истиқлолият намоем.

Мо - ҷавонон имрӯз озодона аз самои орому осудаи Тоҷикистон нафас мегирем. Сахарии солеҳон бархоста, аз пайи кору зиндагии хеш меравем ва шомгоҳон бо дили пур дар кӯчаҳои шаҳрамон қадам зада, ба хона бармегардем. Пас, чаро бархе аз ҷавонон ношукрӣ аз ин озодиву ободӣ мекунанд? Магар ин ҳама осоиштагӣ осон ба даст омад, ки боз кӯшиши барбод додани ин ҳама дастовардҳоро мекунанд?.

Мо - ҷавонони имрӯза мафкураи баланд дорем, нотарсем, ҷасурем, варзишгарем, ободкунандаем, тадрисдиҳандаем. Пеш аз ҳама ҳамқадами истиқлол ҳастем. Аз ақидаҳои нопок ва фитнаангези ифротгароёни нохалаф канора меҷӯем. Ба ҳамсолони худ, насли ояндасози Ватан гуфтанием, ки фирефтаи дасисаҳои террористон ва ифротгароён нагарданд. Зеро, онҳо фикру нияти пок надоранд. ҳадафашон сулҳу суботи ватани биҳиштосои моро ноорому халалдор кардан аст. Ба ҳамсолон худ, ҷавонон гуфтанием, ки бо варзиш машғул шавед, тану рӯҳатонро солим нигаҳ доред, барои пешрафти давлату миллати хеш саҳм гузоред. Аз шахсони мафкураву ақидаашон бегона канора ҷӯед. Худро бозичаи дасти хоинони Ватан накунед. 

Дилором ИСМОИЛОВА,
омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик

Add comment


Security code
Refresh