ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ АСЛИҲАЕСТ БАР МУҚОБИЛИ ИФРОТГАРОӢ

Ватандӯстӣ аз гӯшаи имон аст мегӯянд дар урфият. Ватан чун ҷону тан аст. Ин маънои онро дорад, ки ҳар кадоми мо маҳз дар асоси ин мафҳуми хеле ҳам пурсобиқа ва ҳасос орзӯ ва ҳавасҳои худро ташаккул медиҳем, ояндаи худ ва фарзандонамонро мебинем, заминаҳои маънавӣ ва қонунии мавҷудияти худро асоснок мекунем.

Чунин хислати ватандӯстӣ онро ба як идеологияи сиёсӣ табдил додааст, ки метавонад  хислати хеле фаъоли созанда дошта бошад. Дар фарқият аз бисёре мафҳумҳо ватандӯстӣ ҳеҷ вақт хислати манфӣ надорад. Вале қувваҳои  бадкору  истилогар ё душманони истиқлолияти милливу давлатӣ метавонанд, ба он бо назари таҳқир нигоҳ кунанд, онро мазоқу масхара кунанд ва қувваи муттаҳидкунанда ва муқовиматкунандаи онро нодида гиранд. Маҳз ватандӯстӣ метавонад дар муқобили терроризм ва экстремизм ба қувваи муҳофизатии ватану таърихи он ва рӯҳияи бешикасти миллат табдил ёбад.

Агар касе ватандӯст буд дар Тоҷикистон, ҳатто дар замони ҷанги дохилӣ, худро роҳат эҳсос мекард. Агар касе ватандӯст нест ҳоло ҳам,  ки тамоми шароит барои зиндагии фаъолона ва бунёдкорона муҳайё гаштааст, аз худ ва аз Ватан норозӣ аст ва тӯъмаи осони террористону тундгароён аст. Ӯ калаванда ва бемавқеъ буда, дар ҳар лаҳза метавонад Ватанро ба пули ночизе ё имтиёзе фурӯшад. Лекин касе, ки ватани худро дӯст медорад, ҳеҷ гоҳ ҳатто берун аз Ватан бо ёди Ватан ва хоҳиши хизмат ба он зиндагӣ мекунад. Тоҷикистони азизи мо ва ҳамватанони мо аз мактаби бузурги санҷиши ватандӯстӣ гузаштаанд ва мо дар воқеият дидем, ки ватандӯст кист ва ватандӯстӣ чист? 27 сол пеш мардуми зиёде ин Ватанро тарк намуд. Онҳо аз терроризм дар ин Ватан тарсиданд, аз тундгароии динӣ ва фарҳангӣ ба ҳарос афтиданд ва ин Ватанро тарк намуданд. Вале барои аксарияти кулли мардуми Тоҷикистон ин Ватан хеле ширин буд. Ин ҷое буд, ки он ҷо ҳеҷ касе ғуломи касе нест, ҳеҷ касе хизматгори касе нест, ҳар нафаре дар хизмати миллат, давлат, халқи худ аст. Ин ҷо Ватани мо буд, ин Модари мо буд, ки аз касофати фарзандони беномусаш ба чунин як дард чун ҷанги ҳамватанӣ  дучор шуда буд ва ба ғайр аз худи онҳо дили касе барои он намесӯзад. Ҳамаи онҳое, ки бо ғайрату номус буданд ба Ватан баргаштанд, давраи бенониву бесомониро бо мо паси сар карданд ва имрӯз низ чун фарзандони содиқу ватандӯст пайи ба ифоқа овардани ҷомеаи Тоҷикистон, таъмини амнияту ваҳдати миллӣ саъю талош доранд. Онҳое, ки дар солҳои 90-уми асри ХХ, дар солҳои бӯҳронӣ барои рушди демократия  саъю талош варзиданд ва ҷомеаи тоталитарӣ онҳоро напазируфт, андешаҳои худро дар замони истиқлолияти давлатӣ озодона иброз намуданд ва ҷомеаро дар рӯҳияи башардӯстӣ ва созандагиву бунёдкорӣ тарбия намуданд, дар вазифаҳои давлатӣ намунаи ватандӯстиву худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нишон доданд. Ватан ҳатто дар мушкилӣ, барои ватандӯст як ҷойи роҳат бояд бошад. Ҷойе бошад, ки беҳтар аз он ҷо макони дигаре набошад. Онҳое, ки рафтанд, боз пушаймон мешаванд ва ба Ватани худашон бармегарданд. Онҳое, ки зиндагии роҳатро дар шароити хуби иҷтимоӣ мефаҳманд, дар Амрико ҳам бошанд, нороҳат мешаванд. Чунки ҳолати равонии онҳо чунин аст. Онҳо ҳамеша аз ҳамсоя, худ, Ватан норозӣ боқӣ мемонанд. Ҳатто дар Амрико ва дар кишварҳои мутараққӣ ҳам одамоне ҳастанд, ки хонаву дар надоранд. Дар истгоҳу дигар ҷойҳо хоб мекунанд. Дар Ватани мо чунин нест, шояд ягон ақлгумкарда ва ё майзадае бошад, зеро давлати миллӣ ва шаҳрвандони бовиқору боғурури он ба ин роҳ намедиҳанд. Пиронсолон ва ҷавононро зери қаноти худ мегиранд. Онҳоро бо роҳҳои қонунӣ аз худкушӣ ва мусулмонкушӣ, ки дар Сурия, Афғонистон, Ироқ, Ливия, Яман идома дорад, дур нигоҳ дошта пеши ҷинояткории сангини онҳоро бо тарғиботу ташвиқоти созанда ва табобаткунанда мегиранд.

Мардум аз як тараф ба тақвияти ҳарчи бештари асли таҳаммулгароӣ таваҷҷӯҳ дошта бошад, аз тарафи дигар наметавонад куштори занону ҷавонон ва кӯдаконро дидаву дониста таҳаммул кунад, шарманда кардани Исломро, нест кардани арзишҳои волои миллӣ ва ёдгориҳои таърихиро нодида гирад. Мо бояд  мардуми мусулмонро чун мардуми мутамаддин ва фарҳангиву илмпарвар таҷассум намоем ва ин фарҳангро дар муттаҳидӣ ба муқобили терроризми байналмиллалӣ истифода намоем. Дини мубини Ислом бояд ҷиҳати ҳамкории ҳамаи нерӯҳои солими башарият хизмат кунад. Бинобар ин, мо тамоми василаву воситаҳоро истифода кунем то ин, ки эҳтироми ғояву андешаҳои солиму созанда ва таҳаммули фикри якдигар тамоюли асосии дунёи имрӯз гардад, на куштору ғорат ва вайронкориву  даҳшатафканӣ.

Ахмедова М.А. – н.и.и., дотсенти
кафедраи менежменти ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh