Арзишҳои миллӣ ва ҳифзи амнияту суботи ҷомеа

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз бисёр мамлакатҳои ҷаҳонро мавҷи нооромиҳои сиёсӣ фаро гирифтааст, ки аксари онҳо аз дин вобастагӣ доранд. Бисёр мардумони мусалмон дар замони муосир аз дасти якчанд худобехабарон азият кашида истодаанд. Онҳое ки аз номи дини мубини ислом баромад намуда, мардумро гумроҳ месозанд аз тарафи гурӯҳҳои мусаллаҳ ва баъзе мамлакатҳои абарқудрат ҷонибдорӣ мебинанд. Ҳаракатҳои сиёсии онҳо хислати террористию экстремистӣ дошта, ба миллат, забон, урфу одат ва анъанҳои милливу фарҳангии миллату халқиятҳои ҷаҳон таъсири манфӣ расонида истодааст.

Доир ба арзишҳои милливу динӣ Сархатиби масҷиди ҷомеи вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар мақолаи худ таҳти унвони “Дин ва арзишхои миллӣ” назари хешро доир ба ҷангҳои идомаёфтаистодаи давлатҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афғонистон баён намуда, иброз медорад, ки мусалмонони онҷо гӯё аз ҳақиқати аслии дини ислом огоҳӣ надоранд. Барои исботи ақидаи хеш ӯ доир ба офарида шудани инсон маълумот дода, иброз медорад, ки ҳама аз як чиз офарида шуда, фарзандони бобои одаманд.

Воқеан ҳам ҳамин тавр аст, ки инсон аз хок офарида шудаву набояд ба якдигар душманӣ дошта бошад. Дар дини мубини ислом куштани одам аз ҳама гуноҳи сахттарин ба ҳисоб меравад. Аммо дар натиҷаи ҷангҳои мусалмонон, тайи солҳои охир идома ёфта истодааст, ҳамарӯза ҳазорҳо одамони бегуноҳ қурбон мешаванд ва зану фарзандони онҳо бесарпаноҳ мемонанд магар ин гуноҳ ҳисоб намеёбад.

Барои инъикоси алоқамандии арзишҳои динӣ бо фарҳанги миллӣ ӯ фаъолияти Нӯъмон ибни Собитро дар роҳи баланд бардоштани мақоми дин ва алоқаманд намудани онро ба фарҳанги ғании мардуми тоҷик муҳим арзёбӣ менамояд

Ҳ.Мӯсозода барҳақ таъкид меамояд, ки арзишҳои бузурги маънавию фарҳангӣ метавонанд фазои орому осудаи моро таъмин намояд.

Аз ин рӯ барои муттаҳидии аҳолии кишвар, таъмини якпорчагии Ватани соҳибистиқлоламон Тоҷикистон мо бояд пеш аз ҳама ба арзишҳои бузурги миллӣ рӯ орем, онҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта аз бегонашавӣ муҳофизат намоем, истиқлолияти давлатӣ ва амнияту суботи ҷомеаро аз ҳама дигар манфиатҳо боло гузорем.

Муҳамадизода М.
омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии
 таърихи халқи тоҷики ДДХ

Add comment


Security code
Refresh