ВАТАНФУРУШРО ДАВО НЕСТ

Боз чӣ қадар хабарҳои бардурӯғро аъзоёни ТТЭ ҲНИ паҳну пахш хоҳанд кард? То кай чунин фаъолияти онҳо давом хоҳад дод, ба ҷойи он ки бо корҳои хайр машғул шаванд, доимо тӯҳмату бӯҳтон?

Акнун гӯё корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) Ҷовидон Ғаюрзодаи Ҳусайн (мулаққаб бо номи Абдулло Ғафуров), бо супориши КДАМ ба Муҳиддин Кабирӣ ва аҳли пайвандони ӯ бояд сӯиқасд мекард, вале дар вақташ аз нақшаҳои худ даст кашида, бо хоҳиши худ шиносномаи худро дарронда ба самти мухолифин дар шаҳри Мюнхени Олмон шомил шудааст. Акнун Абдулло Ғафуров гӯё ҳамаи нақшаҳои КДАМ-ро, ки ба  ӯ супориш шуда буд, дар фейсбук нашр кардааст. Дар қатори 9 вазифаҳо, ба монанди дохил шудан ба узвияти ТТЭ ҲНИ, ҷамъоварии   маълумот дар бораи ҳаммаслакони наҳзат барои фишороварӣ ба хешу табори эшон дар ватанашон; муайян кардани суроғаи дақиқи раҳбари наҳзат (Муҳиддин Кабирӣ) ва фарзандони он ва ғайраву ҳоказо.

Суоле ба мобайн меояд, ки дар мобайни 7 моҳ ин дуюмин шахсест (якумаш – Расулов, гӯё собиқ корманди КДАМ), ки пас аз ба мамлакати Олмон расидан аз вазифаҳои худ даст кашидааст, чӣ гуна кормандонеанд, ки тез аз як самт ба самти муқобил мегузаштаанд? Магар ин ҳама аз хабарҳои бардурӯғ будани ин маълумотҳо далолат намекунад?

Акнун ТТЭ ҲНИ ба чунин намуди бӯҳтонҳо оғоз карда ҳаматарафа ба давлати Тоҷикистон фишор оварданиаст, то ки оиди мақсадҳою вазифаҳои мақомотҳои давлатӣ, ки таъмини амнияти миллиро дар дӯш доранду дар гӯшаи хаёлашон ҳам маҳв кардани касеро надоранд, вазифаи аввалиндараҷаи онҳо шуморидаанд.

Ҷавони 29 сола, ки Абдулло Ғафуров ном дорад, чуноне ки дар фейсбуки худ, нашр намудааст, дар байни ҲНИ мавқеву нуфузи хоса пайдо карда, чун ҷурналист дар Паём.нет-и мухолифин фаъолият бояд мебурд, ба фикрам, хеле аз муҳимияти худ дар КДАМ бехуд шудаасту чунин вазифаҳои ҷиддиро ба дӯши худ гузоштааст. Аз нашри чунин ахборотҳо бармеояд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон корманде намондааст, ки даррав ба узвияти мухолифин ҳамроҳ нашаваду аз мақсадҳои худ даррав даст кашида мақсаду вазифаҳои мақомотҳои амнияту бехатарии ҷомеаъро тез ошкор карда диҳад. Хандавовар аст чунин маълумотҳои бардурӯғу муболиғанок…

Аз ин гуна хабарҳо бармеояд, ки ТТЭ ҲНИ барои муҳимияти худ ва аъзоёни ватанфурушаш чунин маълумотҳоро паҳн карда истодааст, то ки халқи сулҳдусту меҳнатқарини тоҷик дар айни корҳои баҳоронаи саҳроӣ, ватанободкунӣ тамоман чунин шахсони ба халқу Ватан нозарури худро, ба монанд Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ, фаромӯш карда намонад.

Абдулло Ғафуров! Метавонед оҳи сабук кашед, Ватани азизи мо ба хизмати шумо ва шумо баринҳо мӯҳтоҷ ҳам нест ва ба хабарҳои шуми дастгоҳи сиёҳи Паймони ба ном миллие, ки онро Кабирии лаин роҳбарӣ мекунад, бовар ҳам намекунад!!!

Мирзоева Д.Д. – н.и.ф., дотсенти
кафедраи забони русии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh