МИНБАРИ ТАБЛИҒОТӢ

Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм (тундгароӣ), ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ (терроризм) ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо  зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд.

Хусусиятҳои радикализм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои  номатлуб шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои  дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда,  дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва  монанди ин дучор шудаанд.

Яке аз ташкилкунандагони гурӯҳи террористию экстремистӣ раиси Паймони миллии Тоҷикистон Муҳидин Кабирӣ ба ҳисоб меравад. Кабирӣ, ки худ террорист ҳаст, мехоҳад сафи хешро зиёд намояд ва дар ин роҳ аз Мирзои Салимпур сармуҳаррири сомонаи “Ахбор.ком” васеъ истифода мебарад. Сомонаи ӯ ба минбари таблиғотии ақидаҳои наҳзатиён мубаддал гаштааст.

Имрӯз мо ҳали зиёи ҷомеаро зарур аст ҷавонону наврасонро аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо эмин нигоҳ дорем. Пешгирии ифротгароӣ усулҳо ва воситаҳои гуногунро дар бар мегирад, аз буклети иттилоотӣ сар карда, то омода намудани (волонтёрҳо) ихтиёриён аз ҳисоби чавонон, то он ки муошират бо ҷавонон дар сатҳи баробар сурат гирад. Ба ғайр аз ин, ба мутахассисоне, ки бо ҷавонон кор мекунанд, боз маълумоти бештар оид ба радикализм, ифротгароӣ, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир пешкаш намудан лозим аст.

Имомназарова М. – сармуаллимаи
кафедраи забони англисии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh