Муроди мо насиҳат нест, огоҳ кардану ҳушдор сохтан аст

Қарни ХХI –ро қарни таҳаввулот, аз ҷумлаи таҳаввулоти технологӣ унвон додаанд, ки он боиси навгонӣ дар ҳама самтҳои зиндагӣ гардидаву Тоҷикистон дар канор нест. Ҳамагон, бахусус ҷавонон ба ин таҳаввулот қобияти хуби мутобиқшавиро соҳиб буда, барои баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорату малака аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда истодаанд. Истифода бурда тавонистану ҳамқадамизамон будан як тарафи масъала бошадтарафи дигарашистифодабарандагон кистанду маданияти истифодабариро то кадом андоза азхуд кардаанд? маҳсуб меёбад.

Ба таври ҷиддӣ аз навгониву рушди илмҳои дақиқу техникӣ бархурдор буданусатҳи касбии хешро баталаботи стандарти байналхалқӣмувофиқ сохтанд ва барои рангину мазмунноку шавқовар шудани ҳаёту фаъолият ғайр аз истеъдоди кор бо технологияҳои муосир ақлу хираду фаҳму фаросатниз лозим аст, ки имрӯз риояи онро камтар ҳис мекунем.Донистани забони ҳориҷиву уҳда карда тавонистани технологияҳои муосир мазмуни инсони комилро буданро пурра ифода намекунад.

Тайи ду – се рӯзиохир оид ба масъалаи баланд шудани нархномаи хизматрасонии шабакаи иҷтимоии интернет сару садоҳои гуногуне пайдо шуда, ҳар кас мувофиқи табъу завқу ақлу тамизаш андешаронӣ мекунад. Шояд гап дар сари арзону гарон шудани нарху навои хизматрасонии интернет набошад. Ҷавонону наврасони имрӯз, ки “ғуломи интернет” шудаанду озодона андешаву фикри худро бо нутқи шифоҳиву забони худододаи модариашон иброз дошта наметавонанд (доираи на он қадар васеи ҷавонон бошанд ҳам) ба таҳлука афтодаанд, ки акнун чи кор мекунанд? Аз “ёру рафиқу ҳамдам”-и шабонарӯзиашон чи хел дил мекананд? Барои навиштани“корҳои мустакилонаву корҳои хаттӣ ”ба куҷо муроҷиат мекунанд? ва ғайраву ҳоказоҳои дигар...

Ҷавонони азиз, истифодабарандагони шабакаи умумиҷаҳони интернет аз шумоён талаб ва дархости онро дорем, ки боре сари андеша омада, рафтору кирдори худро бо тарозуи ақл баркашед (итминон дорем, ки қудрататон мерасад), ояндаи худу волидайну наслатонро хӯреду ба китобхониву китобхона рӯ оваред, зеро ҷавоби тамоми саволатон он ҷо меёбед.

Яке аз сабабҳои парешонхотирӣ, асабоният истифодаи зиёди телефонҳои мобилӣ мебошал. Лекин, қазоват аз худи шумост, соҳиби ақлу ҳуш ҳастед, дар муассисаҳои олӣ таҳсили илм доред, дар замони орому осуда, зери навои хуши истиқлолият зиндагӣ доред, пас бо азму иродаи қавӣба сӯи ояндаи дурахшон занед!

Мақсад аз гуфтаҳои боло, манъ кардан ва ё маҳдуд намудани фазои интернетӣ набуда, риояи маданияту одоби муоширату муносибат мебошад. Пеш аз ворид шудан ба ягон саҳифаи интернетӣ (портал, паблик чат...) андешаи он намоед, ки зарурат ҳаст ё не, агар бошад истифода аз рӯи имконият ва ба фоидаи кор бошад. Падидаҳои номатлубе, ки имрӯз ҳамагонро ба ташвиш овардаасту бештар ҷавонон гирифтори ин бало мешаванд, сабабгори асосиаш маҳз шабакаи иҷтимоии интернет аст. Тақлидкорӣ (сару либос, ришу мӯи сар, сухангӯӣ...), зудбоварӣ, иштибоҳ, ғайриқонунӣ сафар ба хориҷи кишвар, даъвои муллогӣ кардан, ба ҷо наовардани эҳтироми волидайну устодону калонсолон ва ғайра маҳсули шуғли бемақсадона аз шабакаи интернет аст.

Қодирова М.А. –муаллимаи
 кафедраи назария ва методикаи таълими забони модари ДДХ

Add comment


Security code
Refresh