Бадхоҳи касон ба мақсад нарасад

Терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар масъалаҳои глобалӣ хатари ҷиддӣ ба амнияти давлат, мардум, сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин вабои аср на танҳо ба давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида, балки тамоми ҷаҳон таҳдид намуда, хислати фаромиллиро касб кардааст.

Таърихи пайдоиш, фаъолият ва кирдорҳои ҷинояткоронаи сарварони ТТЭ ҲНИ, гурӯҳҳои силоҳбадасти он собит намуд, ки ин ҳизби бо дасти хориҷиён сохташуда ва аз хориҷи кишвар идорашаванда, аз лиҳози ғоявӣ, мафкуравӣ, молиявӣ побанди мақомоти махсуси Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, баъди шармандавор шикаст хӯрдан, барбод рафтани ниятҳои нопокашон, радди маърака шудан низ боз дар симои ҳамин душманони миллати мо такягоҳи худро пайдо намуд.

Қарори Президенти ИМА Дональд Трамп аз 8 апрели соли ҷорӣ дар хусуси созмони байналхалќии террористї эълон кардани Корпуси Сипоњиёни инќилоби исломӣ беҳуда нест. Ҳатто давлатҳои абарқудрат низ мисли ИМА, Франсия, Олмон, Русия ва ғайра даҳшати терроризмро эҳсос намуданд.

Санаи 10 апрели соли 2019 дар сомонаи интернетии “” мақолаи мухбири агентии иттилоотии "Параллель" Олег Алексеев бо номи “Покровитель ТЭО ПИВ - КСИР объявлен террористической организацией” нашр гардид.

Дар мақолаи худ Олег Алексеев далелҳои мушаххасро оид ба пуштибонӣ ТТЭ ҲНИ будани Корпуси Сипоҳиёни инқилоби исломӣ Эрон ва даст доштани ин ниҳод ба амалу тарғиботи зидди сохти конститутсионииТоҷикистон овардааст. Муаллиф таъкид менамояд, ки Эрон аз ҷиҳати дороии сарватҳои табиӣ - нафт, газ ва дигар боигариҳо тавонманд аст, аммо бештари мардуми он зиндагии камбизоатона доранд. Дар натиҷаи сиёсати таҳдид, таъзиқу фишор ба зиёиён, равшанфикрон, Эронро ҳазорон олимону мардуми оддӣ тарк кардаанд.

Мувофиқи маълумоти Олег Алексеев зери назорати Корпуси Сипоњиёни инќилоби исломӣ ва пуштибонии Сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон Ҳизби террористӣ-экстримистии ҲНИ фаъолияти 20-солаи худро идома додааст. Дар шаҳрҳои Теҳрон, Гургон, Қум ва ғайра марказҳои махсуси тайёркунии террористон мавҷуд буда, гурӯҳҳои террористии ҲНИ низ маҳз дар ҳамин марказҳо тайёр карда шудаанд. Ин гурӯҳҳои диверсионӣ, террористӣ даҳҳо шахсиятҳои маъруфи фарҳангӣ, сиёсӣ, рӯзноманигорон, адибони тоҷик, афсарону сарбозони русро ҳадафи террор қарор доданд.

Маълум гардид, ки нақшаи кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ҷониби сарварони ТТЭ ҲНИ ва генерали хоин Ҳ. Назарзода моҳи сентябри соли 2015 низ аз ҷонибихадамоти ҷосусии Эрон тарҳрезӣ гардида, ин ниҳод барои амалӣ сохтани ниятҳои шумашон маблағи хеле калонро ҷудо карда буд.

Тибқи маълумоти муаллифи мақола танҳо дар соли 2016-2018 барои таъмини молиявии ТТЭ ҲНИ Эрон зиёда аз 3 млн. доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.

Аз ин далелҳо бармеояд, ки нақшаҳои нопоку ниятҳои бадхоҳонаи ҳама гуна сарварону пуштибонҳои созмонҳои террористӣ хоҳу нохоҳ рӯзе фош хоҳад шуд ва симои аслии онҳо ба тамоми мардуми ҷаҳон маълум хоҳад шуд, ҳамчуноне, ки бо Корпуси Сипоҳиёни инқилоби исломӣ шуд.

Шарифов Ш., Ҷабборов И. устодони ДДХ

Add comment


Security code
Refresh