ҲАМА ҲАСТИИ МО ФИДОИ ВАТАН!

Хизмати дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони баору номус мебошад. Ҳар сол, мувофиқи нақша дар ду мавсими сол баҳору тирамоҳ маъракаи муҳими даъватӣ баҳрӣ оғоз бахшидани хизмати ҳарбии ҷавонон доир мегардад, ки тантанаи он тамоми қаламрави ҷумҳуриро фарогир аст. Ба ин хотир бо масъулиятшиносӣ, ҳисси баланди ватандорию ватандӯстӣ ва дуои неки падарону модарон ҷавонон ба Комиссариати ҳарбии вилоят ҳозир шуда,  бо дили гарму азми қавӣ баҳри иҷрои вазифаи муқаддас хизмати Ватан – Модар камари ҳиммат бастаанд.

Имрӯзҳо ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ шароитҳои ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ буда, дар шаҳракҳои ҳарбӣ барои фаъолияти ҳамарӯзаи сарбозону афсарон тамоми лавозимоти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Фиристодагони вилоят низ чун ворисони арзандаи насли дар тамоми гӯшаву канори кишвар қарзи фарзандии худро софдилона ба ҷо оварда, сазовори таҳсину офарин ва боварии ҳайатҳои фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ гардидаанд.

Даъватшавандагон, ки дар саҳни Комиссариати ҳарбии вилоят ҷамъ омада буданд, ҳар яке бо рӯҳияи баланд, ифтихор аз давлату миллати хеш омодагии худро барои баҷо овардани хизмати модар - Ватан баён доштанд: 

Абдулқосим  Ҳасанов – сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

-Ман Ватан ва миллатамро дӯст медорам. Ватан - Модар ин ду рукни муқаддасест, ки бидуни он, ҳеҷ фарде бо сари баланду ифтихори инсонӣ наметавонад зиндагӣ кунад. Ҳар қадаре, ки давлат муқтадир ва пояи давлатдорӣ мустаҳкам бошад, ҳамон қадар ҳаёти осоиштаи шаҳрванд ва оромии осоиштаи ҷомеа бештар таъмин мегардад. Ман бовар мекунонам, ки бо масъулияти баланд хизмати худро оғоз намуда, вазифаи ба зиммаашон вогузор шударо софдилона иҷро менамоям.

Меҳрулло Мӯсоев  - даъватшаванда аз ноҳияи Мастчоҳ гуфт, ки баъди хатми факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо хоҳиши худ ба хизмат меравам. Мо бояд ба боварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавононро “нерӯи пешбарандаи кишвар” мегӯянд, сазовор бошем. Нагузорем, ки осудагиву оромии кишвари моро касе халалдор созад. Хизмат дар  сафи Қувваҳои Мусаллаҳ натанҳо қарзи фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Ҷавонони тоҷик бояд бо хоҳиши худ ва амри дил, баҳри ҳимояи кишвар раванд.                                    

Нозимҷон Халлоқов - даъватшаванда аз Ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара:

- Воқеан Ватан барои ҳар як шахс азизу муқаддас аст. Ҳимояи марзу буми он неъмати бебаҳои таърих буда, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо хоҳиши худ иқдом гирифтам, ки дар сафи Артиши миллӣ хизмат намоям ва Ватани азизам - Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳифз намоям. Ваъда медиҳам, ки сарбаландона хизмат намуда, бо одобу ахлоқи намунавӣ ва бо сари баланд содиқонаю софдилона Ватани азизро ҳимоя менамоям.

Абдурасул Баротов – даъватшаванда аз шаҳри Конибодом:

- Ватан азизтарин муқаддас барои ҳар як фарди бонангу худогоҳи миллат аст.  Онро касе аз таҳти дил ва мағз андар мағзи ҷон дӯст дошта метавонад, ки ифтихори баланди ватандӯстӣ дошта бошад. Садоқат ба Ватан барои инсонҳо хислати неку арзандаест, ки баҳри боз ҳам мардона ҳифз намудани марзу буми кишварамон бояд ҷаҳду талош намоем.

Бино ба гуфти Рустам Ғаниев – сардори шуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии вилоят имрӯз даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар мавсими баҳорона ҷараён дорад. Дарвоқеъ, аз як апрел маъракаи сафарбарии  ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз ёфт. Алҳол ҷавонон бештар худашон ташаббус нишон дода, ихтиёрӣ ба комиссия  ҳозир шуда, изҳор мекунанд, ки аризаашонро ба хизмати ҳарбӣ рафтан қабул намоем. Бояд қайд  кард, ки аксар ҷавонон дарк намудаанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи фарзандии онҳост. Ин бори дигар собит месозад, ки ҳисси ватандӯстию ҷавонмардии онҳо рӯз аз рӯз ташаккул меёбад, - гуфт мавсуф.

- Таъмини иҷрои нақшаи даъват дар шаҳру навоҳӣ якхела нест. Дар вилоят  аввалин шуда, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъватро иҷро кард. Инчунин, ноҳияҳои Зафаробод, Айнӣ ва Шаҳристон низ азм доранд, нақшаро дар муҳлатҳои кутоҳ  иҷро кунанд.  Ҳар сол вилояти Суғд дар мӯҳлати муайяншуда нақшаро сарбаландона иҷро мекунад. Алҳол наздик 48,8 фоизи нақшаи даъват иҷро шудааст. Боварӣ дорам, ки комиссариятҳои дигар шаҳру навоҳӣ маъраки даъвати имсоларо барвақтар ҷамъбаст мекунанд.

Имрӯз садҳо ҷавонмардони баору номуси диёр бо амри дил баҳри ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва ифтихори мудофиавии он барои хизмати содиқона ба Ватан - Модар ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ худ ҳозир шуда истодаанд. Онҳо хуб дарк намудаанд, ки дӯст доштани Ватан дӯст доштани модар аст ва бо дарки чунин масъулият омода ҳастанд, ки қарзӣ ҷавонмардии худро иҷро намоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh