Терроризм хавфноктарин таҳдид аст!

Дар ҷомеаи имрӯз, ки аз дастовардҳои навину рӯйдодҳои пурфараҳ иборат аст, зиндагии басо хотирмон насиби мардум мебошад. Аммо баъзе аз афроде пайдо шудаанд, ки ҳаёти осоиштаи моро халалдор сохта, мардумро ба гумроҳӣ мебаранд. Аз ин рӯ, мо новобаста аз он, ки кадом қишри ҷомеа ҳастем, бояд барои аз дасти душманони халқу миллат эмин нигоҳ доштани Ватани азизи худ ҷидду ҷаҳд намоем.

Терроризм яке аз роҳҳои баамалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ мебошад. ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона - расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.

Содир намудани акти террористӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо ва маконе, ки издиҳоми мардум бештар ҷамъ меоянд, дар ин кишварҳо як амали маъмулӣ гаштааст.

Рахт бастани ҳиссиёти раҳму шафқат аз вуҷуди ашхоси бадсиришту беимон, аз фарҳангу маърифат ва муқаддасоту арзишҳои олии инсонӣ бехабар боиси содир намудани сангинтарин амалу кирдорҳои разилона гардида, ҳуқуқи одамонро аз зиндагии осоишта маҳрум месозад.

Дидани чеҳраҳои кӯдакони ятиму зор, занони аз шавҳар маҳрумгашта ва ҷавонони дар айни камолот ҷонбохта хеле риққатовару маҳзункунанда аст, ки дар натиҷаи амалҳои касифонаи гурӯҳҳои худхоҳу ҷоҳталаб рӯзи рӯшанро барои онҳо тира намудааст. Ба дунё омадани инсонҳо барои зистану аз ҳаёт баҳра гирифтан ва зиндагии шоистаро ба сар бурдан аст.

Аз ин рӯ, ҳар як ҷавонмарди ватандӯстро лозим аст, ки Ватани худро аз дасти душманону нохалафон ҳимоя намояд.

Ҳ.Ваҳҳобов,
М.Бобоев,
кормандони идораи нотариалии
давлатии вилоят

Add comment


Security code
Refresh