ҒУЛОМИИ САЛИМПУР

Хиёнат ба Ватан, миллат ва давлат нобахшиданист. Алҳазар, аз хиёнату хиёнаткорон. Алҳазар, аз онҳое, ки дар вазнинтарин лаҳзаҳо бар осиёби душман об мерезанд.

Мирзои Салимпур аз қабили чунин ашхос аст. Пайваста аз дуриҳои дур истода ҷониби Ватану миллати худ санг меандозад. Бо «Ахбор»-и мардумфиребу моҷароангезаш шаҳд ба «ком»-и нотавонбинони миллат мерезаду иттилооти бофта ва сохтаашро нисбати Ватани аҷдодӣ паҳн мекунад. Ин ҷову он ҷо шикоят мебарад, ки «фейк»-ҳо таҳқиру тавҳинаш кардаанд. Хиёнаткору душмани миллаташ гуфтаанд. Дуруст аст, ки «ҳақиқат ба чашм мехалад».

Салимпур, бисёр мехостам аз ту бипурсам, ки барои Ватанат чӣ кардаӣ? Ҷуз тӯҳмат, ғайбат, дурӯғпароканӣ ва моҷароангезӣ?! Ҷуз таблиғи он ашхоси раҳгуме, ки бо ташкилотҳои террористӣ ва ифротгаро алоқамандӣ доранд?! Ҷуз паҳн кардани афкори пӯсида ва ҷаҳолатомези фарҳанги бегона?! Ҷуз иҷро намудани супоришоте, ки аз тарафи маблағгузоронат ҳидоят мешаванд ва алайҳи манофеи миллати худат иҷро мекунӣ?!

Мехоҳам, нақли як ҳамсабақамро биёрам, ки дар агентии сайёҳӣ кору фаъолият дорад. Рӯзе дар назди коргоҳашон истода будаанд ва назди гӯшаи таблиғоти сайёҳӣ як марди чинӣ (хитоӣ) истода, маводҳои гӯшаро тамошо доштааст. Баъди лаҳзае ваҷоҳати ӯ тағйир меёбад ва рафта аз боғчаи назди бино сангеро бардошта меояд ва бо як зарба шиша гӯшаи таблиғотиро зада майда-майда мекунад. Милисаи дарбон ва ҳамроҳони ӯ шаҳрванди чиниро боздошт карда, ба идораи милиса мебаранд ва чун шарҳи кирдори шӯрапуштонаашро мепурсанд, посух медиҳад, ки харитае дар гӯша ҷойдодашудааст, як қисмати ҳудудии Ҷумҳурии Халқии Хитой аз они давлати Ҳиндустон нишон дода шудааст. Ман ҳаргиз роҳ нахоҳам дод, ки як ваҷаб хоки кишварамро ҳатто дар рӯйи коғаз гиранд.

Оё ту Салимпур ба чунин коре қодир ҳастӣ? Албатта, танҳо дар ҳарфу сухан. Ба ном фаъолияти ватандустонаро тариқи сомонаи иттилоотии худ ба роҳ мондаӣ.

Бобоев А.Х. – н.и.ҳ., дотсент, мудири

кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh