АСОСҲОИ ЮРИДИКИИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст.

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ ба пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд.

Созмонҳои экстремистию террористӣ фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ пурзӯр намуда, мехоҳанд сохти ҷамъиятӣ-сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.

Таҷрибаи байналмилалӣ ва ватании муқовимат бо экстремизм ва терроризм собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯии ба бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии фаъолшавии онҳо равонашударо тақозо менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки сабабу шароите, ки ба содир шудани ҷиноят мусоидат кардааст, мавзӯи исботро ташкил медиҳад ва бартараф карда шудани он боиси саривақт пешгирӣ кардани ҷиноятҳои нав мегардад.

Зарар ва нобасомониҳои аз содири ҷиноятҳои мазкур бар омада, моро водор месозад, ки мафҳум ва мазмазмуни пурраи зуҳуротҳои мазкурро маълум намоем. Барои он, ки дар ҳолати мазкур мо метавонем таҳаммул намоем, ки нисбати содиркунандаи чунин кирдорҳои ғайриинсонӣ чигуна ҷазои қонунгузорӣ пешбиникардаро бояд татбиқ намуд.  

Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани наҷодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ мебошад.

Терроризм - яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатҳ гардидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаъолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояи  байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ  ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналхалқӣ содир шуда бошанд, мебошад.

Мо дар баробари ин таъкид намудани ҳастем, ки дар асоси муқаррароти Конститутсияи Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст нисбати шахсоне, ки талаботи қонунгузориро вайрон намуда ҷиноятро содир менамояд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Албатта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан низ мақсади ислоҳ намудани шахс ва дар оянда халалдор насохтани амнияти давлатро ташкил менамояд.

Аз ҳамин нуқтаи назар ба андешаи мо Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони бояд аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқӣ, байниҳукуматӣ ва дигар созмонҳои озод, ки фаъолият менамоянд дар асоси принсипҳои эҳтироми ҳамдигарӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлат барои мубориза бо ифротгароӣ ва ифротгароён мусоидат намоянд. Дар як маврид давлатҳои мутараққии дунё бошад дар асоси эҳтироми халқиятҳои сукунатдоштаи давлатӣ муборизабаранда ва амали намудани ӯҳдадориҳои конститутсионӣ барои дастгир ва сарнагун сохтани гурӯҳҳои нияти нопокдоштаро нисбати давлати мубориз дастгир ва таслим намояд, то он мавриде, ки онҳо ба нияти ғаразноки худ нарасанд.

Дар охир таъкид намудан мехоҳем, ки мо аҳли ҷавонон ва халқи Тоҷикистон барои муборизаи беамон бо равандҳои ифротгарӣ, новобаста аз мавқеи ишғолнамудаамон омода ҳастем ва хоҳем буд. Аз ҳамин нуқтаи назар ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  ба ҳадафҳои солими мо ҳеҷ гоҳ аз дохил ва хориҷи кишвар рахна гузошта наметавонанд ва нахоҳанд гузошт. Маҳз ба туфайли ваҳадату ягонагии халқамон бар муқобили ингуна аҳримангуруҳҳо муборизаи беамон мебарем.

Холиқов И.А. – ассистенти кафедраи
назария, таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh