НАҚШАҲОИ ПАСИПАРДАГӢ

Дар шароити кунунӣ новобаста аз мушкилоти бузурги иқтисодиву молиявии ҷаҳон, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати озод сиёсати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро муназзам пеш бурда истодааст.

Аз ин дастовардҳо бояд шукрона намуд, лекин ашхосу гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба қадри ин бузургиҳо намерасанд, балки тавассути ҳаракатҳову фаъолияти ғайриқонунии худ мехоҳанд ба ҳаёти осоиштаву ободи кишвар таъсири мунофиқонаи худро расонанд. Дар сари ин гуна ҳаракатҳои ба ном исломӣ ва ватандустона ТТЭ ҲНИ меистад, ки аз рӯзи ташкил гардиданаш то ба имрӯз амалҳои хиёнаткоронаи худро нисбати давлату миллат тарҳрезӣ карда истодааст. Лек ин амалҳои пасипардагии наҳзатиён ҳеҷгоҳ амалӣ намешавад.

Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун, амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик  ба «шарофати» ин ҳаракатҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми ҷомеа мегарданд.

Ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзат беш аз таърихи 40 сола дорад, лек ин таърихи сиёҳи онҳо дар хотираи мардум бо рӯзҳои сиёҳ нақш бастааст. Ҳанӯз аз солҳои 70 – уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён мавзӯи ба сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба давлати сирф динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Маҳз дар сари урдугоҳи мухолифин роҳбарияту размандагони наҳзатӣ меистод ва то ба охир мақсади аз байн бурдани давлати мустақили Тоҷикистонро дошта буданд. Лек диданд, ки дар ҷанг бо ҳокимияти конститусияонӣ мағлуб мешаванд, роҳи сулҳ пеш гирифтанд ва баъди имзои созишномаи сулҳ, ин ҳизб парлумонӣ гардид. Аммо набудани имконоти сари қудрат омадани наҳзатиён тавассути интихобот, оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии онҳоро кушод.

ТТЭ ҲНИ мисли солҳои 90 –ум сенарияи табаддулотро истифода намуд.  Ин амали хиёнаткоронаи наҳзатиён, охирин шонси ба сари қудрат омадан буд, ки билохира он шикаст хӯрд. Он нақшае, ки аз ҷониби баъзе аз кишварҳои хориҷӣ, бо дасти ТТЭ ҲНИ ва размандагонаш табаддулоти давлатӣ дар Ватани азизамон – Тоҷикистон амалан татбиқ нагардид.

Аминов Д.Ғ. – н.и.и., дотсенти
кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh