Тӯҳмату ғаразҳои навбати душманони миллат

Илҳом Ёқубов, раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, дар як номаи саргушода ба унвони Ҳукумати Тоҷикистон, зимни маҳкум кардани қарори афзоиши дубаробари нархи хадамоти интернет дар кишвар ва хиёнат ба мардум ва миллати тоҷик хондани он, аз ҳукумат даъват ба амал овардааст, ки дар зудтарин фурсат онро ба ҳолати қаблӣ баргардонад.

Ин ғаразҳои навбатии душманони миллат, чун Илҳом Ёқубов боз як фитнаи иғвои хиёнаткоронаидушманон мебошад, ки ин дӯрӯғи маҳз аст. Илҳом Ёқубов бо даъвои навбати хеш бори дигар Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро айбдор карданист. Ӯ мегӯяд:

“Ҳукумати Тоҷикистон дар ниҳояти амр пешниҳоди Хадамоти алоқа, Кумитаи андоз ва Кумитаи зидинҳисорӣ ҷиҳати боло бурдани баҳои хидматрасонии интернетиро пазируфт. Аммо талабу дархости мардуми худ ва садоҳои олуда ба эътироз ва имдодҷӯёнаи онҳоро, ки аз чунин тасмим сарфи назар кунад, нодида гирифт, писанде ҳам накард. Ҳамакнун тамоми анвои хадамот дар ин бахш аз ду то 8 баробар афзоиш пайдо кард.”

Ин ақидаҳои ғаразноки Илҳом Ёқубов ягон асос ва далел надорад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи боло бурдани баҳои хизматрасони интернети ягон қарори махсус набаровардаст. Илҳом Ёқубов мегӯяд, ки миллати тоҷик дар назди Ҳукумати Тоҷикистон арзиши надорад. Ӯ бо ин баёни фитнаангезонаш Ҳукумати Тоҷикистонро гунаҳкор карданист. Дар асл бошад, Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ғамхори халқу миллати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва пайваста баҳри ободӣ, гулгулшукуфӣ, некӯаҳволӣ ва осоиштаги мардуми азизаш талош меварзад.

Илҳом Ёқубов боз фитнаангезона менависад. “Қабл аз ҳар табақаи дигари Тоҷикистон ин қарори ҳукумат барои ҳамватаноне, ки имрӯз дар хориҷ аз кишвар кору фаъолият мекунанд ва номи муҳоҷири меҳнатиро доранд, мушкилии бештар ба бор меоварад. Маблағе, ки муҳоҷирон ба ватан интиқол медиҳанд, яке аз сарчашмаҳо ва манбаи реалии бюҷети давлат аст. Ҳамин пулҳо ҳастанд, ки кафолати нисбии амният ва оромии иҷтимоӣ дар кишварро таъмин кардаанд. Дар ҳоле, ки худи муҳоҷирон дар бадтарин шароити кору зиндагӣ ба сар мебаранд ва ҳамарӯза барояшон мавонеи ҳуқуқии нав пеш меояд, афзоиши ду то ҳаштбаробарии баҳои хадамоти интернет аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон як тасмими бисёр ҳам ноодилона, беинсофона ва болотар аз ин золимона аст”.

Дар ҳамаи давру замон муҳоҷирони меҳнати ба давлатҳои мутараққӣ сафар намуда, кору фаъолият мекунад, зиндагии худро пеш мебаранд ва аз дастовардҳои технологиюу илмӣ ва иқтисодии кишварҳои дигар бохабар гашта, онро дар фаъолияти хеш пурсамар истифода мебаранд. Яъне, муҳоҷирӣ дар ягон давру замон кори пасту зишт набуд ва нахохат шуд. Зеро муҳоҷирон хамеша ба манфиати давлату халқу миллати хеш меҳнат мекунанд ва талош меварзанд.

Кӯчибоев Ш.,Мавлонова Р., Убайдуллоев А.- устодони кафедраи
умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh