Зангӣ ба шустан нагардад сапед…

Дар зеҳни наҳзатиён ба ҷуз вайронкорӣ, тарсу ваҳм ва ҷудоиандозӣ дигар ҳеч амали хайре намегунҷад. Дидаву дониста ба мардум, ба Ватани хеш хиёнат намуда истодаанд.

Боиси афсӯс аст, ки инро худ дарк карда наметавонанд, зеро аз хоҷагони хориҷиашон муттаҳам ҳастанд. Бархилофи ин ҳама далелҳои муътамаду раднопазире, ки душманӣ ва хоинии террористону экстремистони наҳзатиро собит менамоянд, сухан карда, худро чун обсофкунак покизаю бегуноҳ ва фаротар аз ин дӯсти меҳрубону беғарази мардуми тоҷик нишон доданӣ мехоҳанд. Мубаллиғонашон, ки бо супориш ва дастури хоҷагонашон фаъолият мебаранд, ҳамеша суханони бардурӯғ ва иғвоангез навишта, афсонаҳои гӯшношунид мебофанд.

Далели ин гуфтаҳо интишори номаи саргушодаи раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ Илҳом Ёқубов ба унвони Ҳукумати Тоҷикистон, зимни маҳкум кардани қарори афзоиши дубаробари нархи хадамоти интернет дар кишвар ва хиёнат ба мардум ва миллати тоҷик хондани он мебошад.

Боло рафтани нархномаи интернетиро дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳангома табдил дода, нияташон халқи кишварро ба муқобили Ҳукумати қонунӣ шӯр андохтанӣ аст. Вале кайҳост, ки мардум аз дасисаву иблисиҳои наҳзатиён хуб огоҳанду ақли солиму нерӯи созанда доранд. Сафедро аз сиёҳ фарқ мекунанд. Афзудани нархномаи интернет ба буҷети мардум халале ворид намесозад. Дар солҳои охир аксар ҷавонон побанди маводҳои интернетӣ шуда буданд. Нафарони зиёде тавассути маводҳои таблиғотии гурӯҳҳои ифротгаро раҳгуму задаву ба кирдорҳои ношоиста даст заданд.

Фоизи муайяни хонавайрон шудани ҷавонон низ ба Интернет вобастагӣ дорад. Зиёда аз ин ҳар гуна маводҳои аз аҳамият холии интернетӣ сабаби коҳиш ёфтани ахлоқу одоби ҷавонон, хоса насли наврас гардид. Яке аз паҳлӯҳои мусбати боло рафтани нархнома дастрасии ҷавонону наврасонро ба Интернет камтар намуда, боиси ба китобхонӣ рӯй овардани насли ҷавони кишвар мегардад.

Манонова М. – муовини декан оид ба
илм ва инноватсияи факултети санъати ДДХ

Add comment


Security code
Refresh