ДАР ХИЗМАТИ ХОҶА

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои гуногуни хабарии хориҷӣ роҳбарони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ аз баргузории конфронс ва ё як нишасти хурд, ки аз якчанд нафар аъзои гурезаи он иборат мебошанд, хабар медиҳанду дар бораи Ватан, миллат, мазҳаб, дин ва ғайраҳо сухан мекунанд ва мардумро ба гумроҳӣ бурданӣ мешаванд. Роҳбарону масъулони ин созмони террористӣ бо хотири ба даст овардани маблағҳои ночиз заминаи ихтилофи мазҳабиро ба вуҷуд оварданд.

Ин ифротгароён бо рафтору кирдори хоинонаи худ имрӯз низ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, аз пайи буҳтонҳои беасоси худ нисбат ба Тоҷикистон аз хоҷагони хориҷиашон туҳфаҳои қимматбаҳо мегиранд.

Роҳбари фирории ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар дар паноҳи хоҷагони худ қарор дошта, бо ҳар роҳ мехоҳад Ҳукумати Тоҷикистонро бадном намояд. Дар баробаре, ки номбурда чун саги моргазида дум ликконда мегашт, имрӯз бо як фитнагари дигар Салимпур, ки ба ном хабарнигор аст, мехоҳанд фазои осудаи моро ноором созанд. Як чиро бояд иброз намуд, ки рафтору кирдори онҳо хилофи таълимоти дини мубини Ислом буда, омили бадномкунандаи муқаддасоти ислом дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон медонанд, ки наҳзатиҳо арзишҳои муқаддас, яъне Ватану миллатро фурӯхта, зери пой кардаанд ва ҳатто, барои ҷоҳу маблағ шуда, мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул намудаанд.

Имрӯз бадхоҳони миллат, зархаридону хоинон ободии кишварро намехоҳанд аз хориҷи кишвар вазъияти ҳақиқии Тоҷикистонро дарк накарда, дар расонаҳои хабарӣ туҳмату буҳтон бофта истодаанд.

Ҳамаи мо аз кӣ будану ва чӣ мақсад доштани ин беватанҳо хуб маълумот дорем ва гуфтанием, агар марди майдон мебудед аз пинҳонӣ истода даъвои бемантиқ ба сар намекардед!! Шумо беимонтарин инсонҳоед, ки мардуми тоҷик дигарбора фирефтаи найрангҳои шумо нахоҳанд шуд. Шукронаи самараи неки Истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрӯз Тоҷикистон ва тоҷикистониёнро дар дунё чун давлати сулхоҳу сулҳпарвар мешиносанд. Магар бахилӣ доред? Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳама тоҷику тоҷикистонист ва шумо ҳаргиз ба мақсади нопоки худ намерасед.

Ҳ.ҒАЮРОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh