ЗАМИНУ ЗАМОН АСТ МОСТ!

Мусаллам аст, ки мафҳумоти “бартариҷӯӣ”, “мусаллаҳшавии бошитоб”, “ҷанги сард” ин ҳама хоси абарқудратҳо аст ва сард шудани муносибатҳои онҳо таъсири нохуш мерасонад. Таърихи начандон дури вазъи Ироқу Сурия ва Украинаву Ливия собит кард, ки ин абарқудратҳо барои манфиати хеш аз ҷангу хунрезӣ рӯй наметобанд.

Боиси зикр аст, ки Тоҷикистон дар заминаи “Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020” амал намуда, нақшаи амали он бо 12 ҷанбаи мавзӯӣ дарҷ гардидаанд. Яъне ин маънии онро дорад, ки Тоҷикистон барномаи мушахасси худро дар ин самт дорост ва ҳамкориҳои ҳадафмандонаро бо шарикони худ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, ба мисли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай роҳандозӣ намудааст.

ҳар сокини кишварро баробари шукргузорӣ аз рӯзгори ободу осуда тафаккур ва андеша дар мавриди тақдири ҷаҳон мебояд, ки он ба тинҷиву осудагии кишвар марбут аст. Ривоҷ бахшидан ба фазои сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон чун имрӯз дар радифи кишварҳои тинҷу осуда қарор дошта бошад ва дар ҳалли масъалаҳои ихтилофангези олам саҳми худро гузорад. Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи сайу талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона созем.

Г.АЗИЗОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh