«ТЕАТР»-И КАБИРӢ ВА САЛИМПУР

Солҳои охир рафтору фаъолияти баъзе аз «ҳамватанон»-ро дида дар ҳайрат мемонем, ки ин қадар бешарафу ҷоҳил ва хоини Ватан гардидаанд.

Аз ин зумра ашхос Мирзои Салимпур мебошад, ки виҷдони худро ба пул фурӯхтаасту оқи падар гардидааст. Дарҳақиқат бо умеду орзу фарзанд ба воя мерасонему намедонем, ки Парвардигор инсоф медода бошад ё не. Аз рафторҳои аз одоби инсонгароӣ берун ва ҷоҳилонаи Мирзои Салимпур ҳатто падару бародар даст кашидаанд. Ин зумра инсонҳо пулу мол ва шӯҳратро аз ҳама арзишмандтар медонанд.

Мирзои Салимпур тамоман аз доираи арзишҳои рӯзноманигорӣ берун омада, ба шаъну шарафи ин касб хиёнат оварда, ба пули бедардимиёни Кабирӣ фирефта шудааст. Фикр мекунад, ки ба дурӯғи ӯ мардуми тоҷик, ҳатто ҷаҳон бовар мекунад. Вале имрӯз халқи шарифи мо ба ҷаҳону зиндагонӣ ва арзишҳои миллӣ нигоҳи дигари воқеъбинона доранд.

Доираи ашхосе, ки Кабирӣ барои мақсадҳои худ истифода менамояд, васеъ гардида истодааст. Кабирии разил ва андешаву омоли разилонаи ӯ рафтори ҳаммаслаконро идора намуда истодааст ва андешаву ақидаҳои онҳо доимӣ набуда, гоҳ - гоҳ ҳар сӯ моил мегардад. Пас, имрӯзу фардо намедонем, ки ба сари онҳо чӣ меояд ва чиро аз онҳо умед намуд. Дарҳақиқат, Кабирӣ имрӯз «дириҷёр» гаштаасту ҳаммаслаконаш вобаста аз он, ки чӣ гуна тамаъ мегиранд, рафтор мекунанд. Яъне, байни онҳо низ тамаъ нақши калидӣ бозида, дар ҳолати набудани он шояд сӯ ба дигар тараф ниҳода бошанд. Кабирӣ бояд донад, ки ҳаммаслаконаш «харидаву фурӯҳта» мешаванд ва шояд пагоҳ ӯ танҳо монад.

Мо - устодон рафтори хоинони миллат - Кабирӣ ва Мирзои Салимпурро сахт маҳкум менамоем. Гуфтанӣ ҳастем, ки ин «театр»-и онҳо дур намеравад ва тамошобин ҳам надорад. Бо забон ва хати нопоки худ номи тоҷикро сиёҳ карда наметавонед. Мо шукр аз Ватани ободи худ мекунем. Тоҷикистони азизи мо истиқлолияти хешро поянда нигоҳ медорад ва барои наслҳои оянда бунёди ҷомеаи ҳақиқатан демократӣ шароит муҳайё месозад.

Н.АЗИМОВА,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh