ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ

Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин, воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа мо бояд ба таблиғи масоили худогоҳӣ, тақвияти ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихию фарҳангӣ, устувориву бегазандии сулҳу ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта бошем.

 Имрӯз дар байни ҷавонон, пеш аз ҳама, бояд тарбияи ватандӯстиро ба таври густурдатар ва пуртаъсир ба роҳ монд, онҳоро ба таҳаммулгароию хирадпарварӣ, зиракӣ даъват бояд кард.  Ин ҷо бояд, пеш аз ҳама, ба тарбияи ҳаматарафаю босамари ҷавонон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кард, бояд усулҳои пуртаъсири тарбиявиро сари кор гирифт.

Бояд ба омӯзиши таърихи Ватан, тарғиби арзишҳои миллӣ, талқини посдории муҳимтарин анъанаҳои башарпарваронаи ниёгон, тавсеаи андешаи миллӣ бештар ва пайваста таваҷҷуҳ зоҳир кард. Инсоне, ки аз зиндагӣ ноумед мешавад, кӯтоҳназарию бехирадиро пеша мекунад. Ӯ қодир аст ба ташкилоту созмонҳои ифротгар дохил шавад, дар дили худ зуҳуроти бегонашавию бегонапарастиро нисбат ба Ватан, модар ва наздиконаш ҷой диҳад.

Имрӯз бархе аз ҷавонону наврасонро гурӯҳҳои манфиатҷӯ фирефта месозанд. Ин гурӯҳҳо созмонҳову ташкилоти ифротгарое ҳастанд, ки барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ ҷавонону наврасонро бо суханҳои пучу беарзиш, ваъдаҳои дурӯғ ва далелҳои беасос сӯи худ мекашанд. Ин гуна созмонҳои ифротгаро наврасонро чунон ба сӯи худ ҷалб мекунанд, ки барои онҳо Ватан, модар ва ифтихори ватандорӣ, умуман ҳисси миллию меҳанпарастӣ бегона мегардад. Аз ин рӯ, бояд ҳамаи мо зираку ҳушёр бошем ва нагузорем, ки ақидаи онҳо ҷавонони моро гумроҳ созад.

Д.ЮСУФОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh