ЗАҲРПОШИҲОИ КАБИРӢ

Вақтҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам муаммоҳои дучоршавӣ ба доми низоъхоҳон идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарҳои гуногун эҷод карда истодаанд.

Имрӯзҳо пайравон ва аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистӣ, ки дар давлатҳои хориҷи кишвар қарор доранд, бо ҳар роҳ ва тарз мехоҳанд  вазъияти ороми кишварҳои ҷаҳонро халалдор намуда, миёни онҳо низоъ барпо  намоянд.

Яке аз раҳнамои чунин ташкилот Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Солҳост у барои ноором сохтани вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон харакат мекунад. Дар ин роҳ ӯ ба ҷони чандин нафар зомин шуда, гуноҳро бар дӯши Ҳукумати Тоҷикистон бор карда истодааст. То ҳол гумон дорад, ки халқи тоҷик ба найрангҳояш бовар доранд. Ҳатто ӯ дар ин роҳ созмони ба ном Паймони миллии Тоҷикистон ташкил дода, тавассути он тариқи шабакаҳои интернетӣ заҳр бар замини тоҷикон пошида истодааст. Оре, ман уро ба монанди море, ки дар ривояти “Дарвеш ва мор” оварда шудааст, тасаввур мекунам. Дарвеш ба мор раҳм карда, ӯро дар остини худ ҷой медиҳад ва бар ҷавоби ин некӣ мор ӯро заҳролуд мекунад.

Кабирӣ низ аз насли ана ҳамингунаҳост! Ӯ бар ивази меҳрубониҳои халқи тоҷик бар онҳо мушкилиҳои гуногун эҷод карда, кӯркӯрона ба суханҳои хоҷагони хориҷиаш бовар кардааст. Ин ҳама нафси бад мебошад. Бар ивази пул миллаташро фурӯхт ва  ба ҷони чандин нафар зомин шуд.

М.АБДУЛЛОЕВА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh